Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 188)

Гуногун

ШОҲТЕМУР Шириншоҳ

shirinshoh-shohtemur

ШОҲТЕМУР Шириншоҳ (1899, деҳаи Поршневи ҳозира ВАБК—1937), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои Партияи коммунистӣ аз с. 1921. Фаъолияти меҳнатиаш аа 13-солагӣ оғоз ёфтааст. С-ҳои 1914— 19 дар корхонаҳои ш. Тошкент кор карда, бо большевикон шинос гардид. С. 1920 ба Хуҷанд омада дар развёрстка озуқа иштирок …

Муфассал »

ШОҲРУХ

ШОҲРУХ (1377—1447), яке аз ҳокимони давлати Темуриён. Писари Темур. С-ҳои 1396—1409 ҳокими Хуросон. С-ҳои 1404—09 барот мерос бо дигар аъзоёни хонадони Темуриён мубориза бурда, Мовароуннаҳрро ба даст даровард. Ҳокими олии (1409—47) давлати Темуриён шуд. Дар аҳди у пойтахти давлати Темуриёи аз Самарқанд ба Ҳирот кучонида шуд. Дар давраи ҳукмронии Ш. …

Муфассал »

ШОҲНЕЪМАТУЛЛОҲ

ШОҲНЕЪМАТУЛЛОҲ, Саид Нуриддин ибни Амир Абдуллоҳ (1330, қасабаи Моҳони Кирмон—1431, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Ш. дар ҷавонӣ илмҳои адабиёт, калом, ҳикмат ва фиқҳро омӯхта, ба тасаввуф таваҷҷуҳ намуд. Миср, Маккаву Мадина, Балх ва Мовароуннаҳрро саёҳат кардааст, ки ин сафарҳо дар эҷодиёти у нақши муайян гузоштаанд. Ш. шоири соҳибдевон аст. Девони …

Муфассал »

ШОҲИҶАҲОНБЕГИМ

ШОҲИҶАҲОНБЕГИМ (1838, Бҳуполӣ Ҳиндустон -1903, ҳамон ҷо), шоира ва арбоби давлатии Ҳиндустон. Ш. шоираи зулисонайн буда, ба забонҳои урду ва форсӣ шеър гуфтааст. Дар ашъори форсиаш «Шоҳиҷахон» ва дар ашъори урду «Ширин» тахаллус мекардааст. У дар навъҳои гуногуни шеър, аз қабили ғазал, рубоӣ. Қитъа ва ғ. қувваозмоӣ кардааст. Ин матлаъ …

Муфассал »

ШОҲИҶАҲОН Шаҳобуддин

ШОҲИҶАҲОН Шаҳобуддин (с. тав. номаълум — ваф. 1663, Аграи Ҳиндустон), подшоҳи Ҳиндустон (1628—57) аз сулолаи Темуриёни Ҳинд. Писари Нуриддин Ҷаҳонгир. Ш. сиёсати ҷангҷуёнаи падарашро давом дода, давлати Темуриёни Ҳиндро аз ҳисоби мулкҳои Ҳиндустони Ҷанубӣ, Афғонистон ва Эрони сафавӣ хеле васеъ кард. Ш. дар баробари забткориҳо ба ободонии мамлакат, ба буньёди иморатҳои …

Муфассал »

ШОҲИНИ ШЕРОЗӢ

ШОҲИНИ ШЕРОЗӢ (с.тав. ва вафот номаълум). Шоири форс-тоҷик (ох. а.-нимаи дуюми асри 14). Миллаташ яҳудӣ. Ба қалами Ш.Ш достонҳои «Мусонома» (1327), «Юсуф ва Зулайхо» (соли таълифаш номаълум), «Ардашер ва Эстер» 1332), инчунин ғазалҳо, қасоиду рубоиёт мансубанд. Миқдори ашъораш тақр. 25 ҳаз. байт аст. Ш. Ш. дар маснавиҳо ва ашъори гуногунжанри …

Муфассал »

ШОҲИН Муҳаммад Шамсуддин-махдум

ШОҲИН    Муҳаммад Шамсуддин-махдум (1857, Бухоро —1894, Қаршӣ), шоири маорифпарвари тоҷик. Аҷдодаш аз Кулоб буданд. Ш. дар хурдсолӣ савод бароварда, аз 11—12 солагӣ ба шеъру адаб шавқу майли калон дошта, дар 12—14 солагӣ ҳунари хаттотиро аз худ намуд. Ҳангомн таҳсил дар Мадраса Ш. илова бар улуми динӣ оид ба илмҳои таъриху …

Муфассал »

ШОҲИИ САБЗАВОРӢ Амир Оқмалик

ШОҲИИ САБЗАВОРӢ Амир Оқмалик ибни Малик Ҷамолуддини Фирӯзкуҳӣ, мутахаллис ба Амир Шохӣ (1385, Сабзавор —1453,Астаробод), шоири форс-тоҷик. Аҷдодаш аз бузургони сарбадорон буданд. Пас аз шикасти сарбадорон дар дарбори Бойсунқу Мирзо надим шудааст. Баъди чанде аз дарбор рафта, дар Сабзавор ба замине, ки аз падараш мерос монда буд, ба деҳқонӣ машғул …

Муфассал »

ШОҲИДИ ИСТАРАВШАНӢ Юнусхоҷа

ШОҲИДИ ИСТАРАВШАНӢ Юнусхоҷа (1803, Истаравшан, ҳозира Уротеппа—1884, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар пеши волидайнаш гирифта, баъд таҳсилро дар мадрасаи Кукалтоши Бухоро давом дод. Аа хурдӣ ба шеъргуӣ сар кард. У девони комили ғазалиёт дорад. Ба «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ ҷавоб гуфта будааст. Зиёда аз 100 ғазал ва чанд …

Муфассал »