Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 162)

Гуногун

ПОГОРЁЛОВ Алексей Василевич

pogorelov-a-v

ПОГОРЁЛОВ Алексей Василевич (таваллудаш 3. 3. 1919, шаҳри Короча, ҳозира вилояти Белгород), математики советӣ, акад. АФ СССР (1976; аъзо-корр. 1960), акад АФ РССУ (1961; аъзо- корр. 1951). Академияи ҳарбии ҳавоии- инженерии ба номи Н. Е. Жуковскийро (1945) хатм кардааст. Солҳои 1947—1960 дар Университети Харков, аз 1960 ин ҷониб дар Институти …

Муфассал »

ПОГОДИН Николай Фёдорович

pogodin-n-f

ПОГОДИН (тахаллусаш: фамилияаш Стукалов) Николай Фёдорович (16. 11. 1900, станистаи Гундоровскии Ҳозира вилояти Донетск—19. 9. 1962, Москва), драматурги советии рус, Ходими Хизматнишондодаи Санъяти РСФСР (1949). Асарҳояш аз соли 1920 нашр мешаванд. Мухбири сайёри газетаи «Правда» буд (1922—1932). Маҷмӯи очеркҳои «Субҳи арғувонӣ», «Наврустаҳои сурх»-ро (ҳарду 1926) ба табъ расонидааст. Зарбдоропи панҷсолаи …

Муфассал »

«ПО БОСМАЧУ»

newspapers

«ПО БОСМАЧУ», газета, органи шӯъбаи сиёсии корпуси 13-уми тирандозии округи ҳарбии Туркистоп. «По босмачу» якумин нашрияи даврии советӣ дар территорияи Тоҷикистон буд, ки аз декабри 1923 дар Душанбе ба забони русӣ нашр мешуд. «По бочмачу» дар кори сафарбар намудани ҷанговарон ва ихтиёриёни халқӣ дар мубориза ба муқобили босмачигарӣ, маҳв намудани …

Муфассал »

ПЛУТОН

ПЛУТОН, дар асотири Юнони Қадим яке аз номҳои худои зеризаминист. Бино ба ривоятҳо Плутон «меҳмоннавоз», аммо бешафқат будааст: ӯ ҳамаро бо хоҳиши том пазируфта, вале ҳеҷ касро раҳо намекардааст. Оид ба Плутон ривоятҳои бисёре мавҷуд буда, машҳуртарнашон дар бораи аз тарафи ӯ дуздида шудани Персефона мебошад. Дар баъзе ривоятҳо Плутонро …

Муфассал »

ПЛУТАРХ

plutarx

ПЛУТАРХ (Plutarchos) (тақрибан 45, Херонея, Беотия — тақрибан 127), нависанда, муаррих ва файласуфи Юнони Қадим. Дар Афина маълумоти энсиклопедӣ гирифтааст. Саросари Юнонро тай ва ба Риму Искандария сафар кард. Бештари ҳаёташро дар зодгоҳи ноободаш гузаронида, ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва маърифатпарварӣ машғул шудааст. Тарафдори ғояҳои кӯҳнаи ватанпарварии маҳаллии полиоӣ ва ҳамчун …

Муфассал »

ПЛОТИН

plotin

ПЛОТИН (юн. Plotinos, муаррабаш Флутин, тақрибан 204, Ликопол, Миср —269 ё 270, Минтурне, Италия), файласуфи идеалисти давраи атиқа, асосгузори навафлотуния. Фалсафаро дар Искандария дар мактаби Аммоний Саккас омӯхта, зери таъсири ӯ роҳи оштидиҳии таълимоти Афлотун ва Арастуро пеш гирифт. Соли 243—244 дар Рим дарс мегуфт. Қайдҳои ҷудогонаи Плотинро баъди вафоташ …

Муфассал »

ПЛИСЕТСКАЯ Майя Михайловна

ПЛИСЕТСКАЯ Майя Михайловна (таваллудаш 20. 11. 1925, Москва), артисткаи балет, Арт. Халқии СССР  (1959). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1985). Аз соли 1943 солисткаи Театри Калони СССР. Партияи аввалин ва асосиаш—Маша («Щел- купчик»-и П. И. Чайковский, 1944). Плисетская бо ҳаракати пурназокат ва бозарофати худ санъати рақсро ба гармонияи олиаш расондааст («Қуи миранда» …

Муфассал »

ПЛИОТСЕН

ПЛИОТСЕН (аз юн. рleion — нисбатан ва kainos — нав), замони(қисми) плиотсои, замони дуюмин ë охирини давраи пеоген, ки  аз 2 то 7 млн сол давом кардааст. Таҳнишастҳоеро, ки дар ин муддат ҳосил шудаанд, қисми Плиотсен меноманд. Таҳнишастҳои Плиотсен аз поён бо қисми миотсен ва аз боло бо қнсми плейстотсени …

Муфассал »

Гай Плинай Сесилин Секунд

pliny_the_younger

ПЛИНИЙи X у р д, Гай Плинай Сесилин Секунд (61 ё 62, Комум, ҳозира Комо — тақрибан 114), нависанда, олим ва ходими давлатии Рим. Консули 100, легат (сафир ё вакил)-и император дар музофоти Вифиния ва Понт (111—113). Плиний ашрофони сенатп Римро, ки ба сулолаи Юлиён-Клавдиёя ва Флавиён зид, вале  дар …

Муфассал »

Гай Плинин Секунд

bmst6xjlo3fe-plinii

ПЛИНИЙи Калон, Гай Плинин Секунд (23, 24, Комум, ҳозира Комо—79), нависанда, олим ва арбоби давлатии Рим. Дар музофотҳои тобеи Рим будаи Германия, Галлия, Испания ва Африка хизмат кардааст; дар Мизен фармондеҳи флот буд ва ҳангоми оташфишонии вулқони Везувий ҳалок гардид. Муаллифи «Таърихи табииёт» ном асарест, ки аз 37 китоб иборат …

Муфассал »