ПОЙТЕША, тешаи калони дастадароз. Пойтеша аз ҷумлаи олоти дуредгарист, ки бо он болор, синҷ, сутун ва дигар лавозимоти бинокориро метарошанд.
Муфассал »ПОЙДОМ
ПОЙДОМ, подом, як навъ дом, ки барои сайди ҷонварон ба кор мебаранд; паррандае, ки сайёдон барои фиреб дода ба даст дароварданн дигар паррандаҳо дар назди дом мебанданд. Онро мулҳу ҳам мегӯянд.
Муфассал »ПОЙСУТУН
ПОЙСУТУН, асос ва таҳкурсии сутуни иморат. Пойсутун дар санъати меъмории халқҳои Шарқ маъмул аст. Пойсутун барои аз пӯсидан маҳфуз доштани сутуни чӯбӣ ва барои баландтар бардоштани асоси он истифода мешавад. Пойсутун бештар аз санги мар- мар сохта шуда, бо нақшҳои ислимӣ ва гиреҳ зинат меёбад. Дар гузашта Пойсутунро бештар дар …
Муфассал »ПОЙДЕВОР
ПОЙДЕВОР, қисми бино ё иншоот (бештар зеризаминӣ), ки дар болои асоси табиӣ ё сунъӣ (ниг. Асоси иншоот) хобида, вазни бино (иншоот)-ро мебардорад. Пойдеворҳо тасмашакл, сутундор ва яклухт (дар шакли плитаҳои ҳамвор ё қиррадор) мешаванд. Интихоби навъи Пойдевор ба шароитҳои инженерию геологӣ ва гидрогеологии ҷои сохтмон, таъинот ва хусусиятҳои конструктивии бино …
Муфассал »ПОЙГАҲ
ПОЙГАҲ, кафшкан, поёни хона, ҷое, ки ба хона дарояндагон пойафзол кашанд. Пойгаҳ аз поёни хона буда, дар баъзе маҳалҳо онҳоро аз ҳам бо зеҳрав ҷудо мекунанд. Пойгаҳро дар Панҷакент кафшпарто, паси дар мегӯянд, дар Яғноб — кӯча ва ғайра. Қисми поёни ҳар навъ хонаро низ пойгаҳ меноманд. А. Довидов
Муфассал »ПОЯАФЗОЛ
ПОЯАФЗОЛ, афзор, пойафрор, афзорест, ки пойро аз таъсири зарарноки беруна эмин медорад. Пойафзол мардона, занона ва бачагона мешавад. Пеш аз ба Росспя ҳамроҳ шудан дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, одамон асосан мӯза, маҳсӣ, мукак, муккӣ, хомак (шикорчиён), чоруқкафш ва ғайра мепӯшиданд. Баъдтар пӯшидани ботинка, туфлӣ, сандал, шиппак, мӯзаи намади, …
Муфассал »ПОИЗИИ НАСАВӢ Маҷидуддин Муҳаммад
ПОИЗИИ НАСАВӢ Маҷидуддин Муҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 12 форс-тоҷик. Дар бораи ҷараёни зиндагиаш маълумоте дастрас нест. Бино ба гуфтаи Авфӣ («Лубоб-ул-албоб) ӯ соли 1204 дар Нисо бо Поизии Насавӣ мусоҳиб шудааст. Поизии Насавӣ дар ин овон ба таълифи асаре бо номи «Шаҳаншоҳнома» машғул будааст. Поизии Насавӣ ба …
Муфассал »ПОЗИТИВ
ПОЗИТИВ (аз лотинӣ posotivus— мусбат), тасвири фотографиест, ки дар он тақсимоти нисбии дурахшҳо (дар фотографияи муқаррарӣ) ё рангҳо (дар фотографияи ранга) ба тақсимоти онҳо дар объекти ба суратгирифташуда мувофиқат мекунад, яъне дар он қисмҳои равшани объект равшан ва қисмҳои тираи объект тира метобанд. Позитив ду хел мешавад: аксҳои фотографии дар …
Муфассал »ПОЖАРСКИЙ Дмитрий Михайлович
ПОЖАРСКИЙ Дмитрий Михайлович (1. 11. 1578—30. 4. 1642, Москва), ходими давлатӣ ва ҳарбии Россия, княз. Соли 1598 аъзои Собори Земство, аз 1613 боярин. Дар пахш намудани шӯриши деҳқонон (роҳбараш И. И. Болотников) иштирок намуд. Солҳои 1608—1610 В. И. Шуйскийро дар мубориза ба муқобили Дмитрийи Қалбакии II дасогирӣ кард. Иштирокчии лашкари …
Муфассал »ПОДВОЙСКИЙ Николай Илич
ПОДВОЙСКИЙ Николай Илич (16. 2. 1880, деҳаи Кунашовкаи ҳозира райони Нежини вилояти Чернигов —28. 7. 1948, Москва), ходими партиявӣ ва ҳарбии советӣ. Аз оилаи муаллим. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1901. Соли 1894 дар Семинарияи динни Чернигов таҳсил кард. Аз соли 1898 дар ҳаракатҳои револютсионӣ иштирок намуд. Дар Украина, Ярославл, …
Муфассал »