РАВН АҚ Мавлавӣ Равнақ (соли таваллулаш номаълум, Хуҷанд — афоташ 1821, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аввало дар зодгоҳаш ва баъдтар дар Мадрасаи Мири Араби Бухоро таҳсили илм кардааст. Ба зодгоҳаш ҳамчун донишманди фозил баргашта, ба мансаби қозигӣ рас идааст, вале ӯ бештар чун шоир маъруф гаштааст. Ғазалҳои парокандаи Равнақ дар …
Муфассал »РАВЗАН
РАВЗАН р а в з а н а, сӯрохест, ки барои баромадани дуд ё ворид шудани рушноӣ дар девор ё шифти хона мегузоранд. Бо мақсади хушнамуд шудани Равзан онро дар шаклҳои гуногун (чоркунҷа, тоқшакл), сохта, бо панҷараҳои нақшин зинат медиҳанд. Дар танаи манораҳо низ Равзан мегузоранд.
Муфассал »РАВЗУМОЛӢ
РАВЗУМОЛӢ дар тибби қадим шароберо меноманд, ки аз оби гули сурх ва асал тайёр мекарданд.
Муфассал »РАБФАК
РАБФАК Ниг. Факултетҳои коргарӣ.
Муфассал »Газетаи «РАБОЧИЙ ПУТЬ»
«РАБОЧИЙ ПУТЬ», газетаи ҳаррӯзаи легалии органи КМ РСДРП (б) г яке аз номҳои газета «Правда», ки аз тарафи Ҳукумати муваққатии буржуазӣ таъқиб карда мешуд; аз 16 сентябри то 8 октябри 1917 дар матбааи «Труд»-и Петроград нашр гардид. 46 шумора нашр гардид; адади нашр бештар аз 100 ҳазор нусха. Ба редаксия …
Муфассал »Газетаи «РАБОЧИЙ И СОЛДАТ»
«РАБОЧИЙ И СОЛДАТ», газетаи ҳаррӯзаи болшевикӣ, ки аз 5 то 23 августи 1917 ба ҷои газетаи манъшудаи Ҳукумати муваққатии буржуазӣ — «Солдатская правда» дар матбааи «Народ и труд»-и Петроград 50— 70 ҳазор нусха нашр мешуд. Баъди 15 шумора чопаш қатъ гардид. То 17 август органи Ташкилоти ҳарбии назди КМ РСДРП …
Муфассал »РАБЛЕ Франсуа
РАБЛЕ (Rabelais) Франсуа (1494, наздикии Шинон —9. 4. 1553, Париж), нависандаи франсавӣ. Аз оилаи ҳуқуқшинос. Дар ҷавонӣ роҳиб буда, сипас дар унивепситетҳои Франсия таҳсил карда, илмҳои гуногунро омӯхтааст. Доктори илмҳои тиб (1537). Дар ибтидои фаъолияти эҷодиаш (1532) «Афоризмзо»-и Буқротро бо тавзеҳот ба нашр тайёр кардааст. Сипас ба эҷоди асари муҳими …
Муфассал »РАБИӢ Саъдулло
РАБИӢ Саъдулло (1883, деҳаи Арақчини ноҳияи Варзоб—1938, ҳамон ҷо), шоири советии тоҷик. Саводи ибтидоиро дар назди падараш бароварда, дар мадрасаи Ҳисор таҳсилро давом додааст. Дар Мадраса асри таассуроти ашъори шоирони гузашта, хусусан Бедилу Соиб ба шеъргӯӣ пардохтааст. Шеърҳои тоинқилобиаш асосан тақлидӣ буданд. Рабиӣ Револютсияи Октябрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар …
Муфассал »РАБИЕВ Муҳаммад
РАБИЕВ Муҳаммад (2. 5. 1913, Самарқанд—20. 5. 1983, Душанбе), драматурги советии тоҷик. Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз солт 1941. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1964). Техникуми педагогии Самарқандро хатм кардааст (1938). Актёри театри драмаи мусиқии шаҳри Хоруғ буда, сипас дар Саруправленияи санъати назди Совети Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон кор …
Муфассал »РАБИЕВ Абдусалом
РАБИЕВ Абдусалом (таваллудаш 3. 8. 1930, деҳаи Чорбоғи pайони Ленин), бинокор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1963). Аъзои КПСС аз соли 1961. Баъди адои хизмати ҳарбӣ донишҷӯи Омӯзишгоҳи Чиптура (1951—1954), тракторчии Стансияи мошину трактори Варзоби ВХҚ-и РСС Тоҷикистон (1955-1956), коргари «Горстрой- трест» (1956 — 1957), бетонрези Управленияи сохтмону монтажи № 2, сардори …
Муфассал »