Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАБИЕВ Абдусалом

РАБИЕВ Абдусалом

РАБИЕВ Абдусалом (таваллудаш 3. 8. 1930, деҳаи Чорбоғи pайони Ленин), бинокор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1963). Аъзои КПСС аз соли 1961. Баъди адои хизмати ҳарбӣ донишҷӯи Омӯзишгоҳи Чиптура (1951—1954), тракторчии Стансияи мошину трактори Варзоби ВХҚ-и РСС Тоҷикистон (1955-1956), коргари «Горстрой- трест» (1956 — 1957), бетонрези Управленияи сохтмону монтажи № 2, сардори бригадаи Управленияи механизатсияи сохтмони трести «Душанбестрой» (1962— 1965) ва Управленияи сохтмоии 25-и трести «Тоҷикстройспетсмеханизатсия» (1965—1976), аз соли 1976 коргари Управленияи «Тоҷикучпедместснаб»-и Главснаби РСС Тоҷикистон (ҳоло Иттиҳодияи универсалии «Тоҷикснаб»). Дар сохтмони биноҳои калони шаҳри Душанбе (комплекси аэропорт, меҳмонхонаи «Душанбе», ресторани «Полёт» ва ғайра) саҳми арзанда гузоштааст. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 5—6). Бо ордени Ленин, медалҳо, Грамо­таи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …