Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАБИЕВ Муҳаммад

РАБИЕВ Муҳаммад

РАБИЕВ Муҳаммад (2. 5. 1913, Самарқанд—20. 5. 1983, Душанбе), драматурги советии тоҷик. Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз солт 1941. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1964). Техникуми педагогии Самарқандро хатм кардааст (1938). Актёри театри драмаи мусиқии шаҳри Хоруғ буда, сипас дар Саруправленияи санъати назди Совети Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон кор кардааст (1938—1940). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Баъд аз ҷанг дар муассисаҳои санъати Вазорати маданият кор кардааст. Директори Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ (1957— 1960), сармуҳаррири студияи «Тоҷиктелефилм» (1960—1962) буд. Либреттои балет «Ду гул» (1941), ки ба қалами ӯ тааллуқ дорад, солт 1941 дар рӯзҳои Даҳаи санъати тоҷик дар Москва намоиш дода шуда буд. Рабиев муаллифи песаҳои «Саодат», (1949, бо ҳамроҳии С. Саидмуродов), либреттои балети «Дилбар» (1954), драмаҳои «Шӯҳрати нек» (1956), «Гулҳои канори шаҳр» (1963), «Хоби ваҳй» (1972; тарҷумаи немисӣ, ГДР, 1973), «Назокат» (1978), «Машъали фурӯзон» (1974), драмаи «Соли фаромӯшнашаванда» («Комбриг Томин»), «Нақши зиндагӣ (1975) ва «Шамшери бурро» (1980) ва ғайра мебошад. Муборизаи халқи тоҷик барои мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ, ситоиши муҳаббати пок, ҳаёти ҷавонони деҳот мавзӯи асосии песаҳои Рабиев аст. Муаллифи сенарияи филмҳои «Зумрад» (1961), «Изҳори муҳаббот» (1964), «Чеслав Путовский» (1980) ва ғайра. Бо ордену медалҳо мукофото­нида шудааст. Аз соли 1963 узви ИН СССР. Ад.: Писатели Таджикистана, Д., 1981.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …