РАЗЗОҚОВ Карим (таваллудаш 15. 1.1929, деҳаи Қамишқурғони райони Ашт, вилояти Ленинобод), пахтакор, иштирокчии фаъоли ҳаракати коллективонӣ ва сохтмони колхозӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотмиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1950. То соли 1954 колхозчӣ, сардори звенои пахтакории колхози «Қизил Тоҷикистон», 1954—1955 инструктори Комитет партиявии райони Ворошиловобод (ҳоло pайони Қумсангир), 1955— 1958 ҷонишини …
Муфассал »РАЗЗОМИЯ
РАЗЗОМИЯ яке аз фирқаҳои шиа, ки гузаштани имоматро баъд аз Али ва писаронаш ба хонадони Аббосиён эътироф мекунад. Мувофиқи маълумоти муаллифи «Фарқ байн-ал- фирақ» Абдулқодири Бағдодӣ, Раззомия пайравони Раззом ибни Ризм (дар Марв) мебошапд, ки Абумуслимро дар хилофати Аббосӣ пешвои худ хондаагд. Муҳаммади Щаҳристонӣ дар «Ал- милал ва-н-нилал» Раззомияро яке …
Муфассал »РАЗЕЪ
РАЗЕЪ, ниг. Ширхора.
Муфассал »РАЗВОЛЯЕВ Иван Павлович
РАЗВОЛЯЕВ Иван Павлович (таваллудаш 1915, деҳаи Канчеровои p-ни Зиянчурини вилояти Оренбург —1981, Ростови Дон), Каҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945), капитали гвардия. Аз оилаи деққони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1941. Аввал дар роҳи оҳаг ва баъдтар дар колхози «Красный доброволец»-и pайони Зиянчурин кор кардааст. Пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қӯшунҳои …
Муфассал »РАДХАКРИШНАН Сарвепалли
РАДХАКРИШНАН Сарвепалли (5. 9. 1888, Тируттани, президентии Мадрас, ҳоло штати Андҳра-Прадеш —17. 4. 1975, Мадрас), олим ва файласуф, ходими давлатӣ ва сиёсии Ҳиндустон. Дар Университети Мадрас таҳсил намудааст. Солҳои 1918—1921 профессори фалсафа дар Университети Майсур. 1921—1931 роҳбари кафедраи фалсафаи Унститути Калкатта, 1931—1936 ноиб-канслери Унститути Андҳра, 1939—1948 ноиб канслери Университети Банорас, …
Муфассал »РАДЛОВ Василий Василевич
РАДЛОВ (Radloff) Василий Василевич (Фридрих Вилҳелм; 5. 1. 1837, Берлин —12. 5. 1918, Петроград), шарқшинос, этнограф ва археологи рус; акад. АФ Петербург (1884). Университети Берлинро хатм кардааст (1858). Директори Музеи Осиёи АФ (1885—1890), Музейи антропология ва этнографияи АФ (1894—1918), яке аз ташаббускорон ва раиси Комитети русии омӯзиши Осиёи Шарқӣ ва …
Муфассал »РАДИОПЕЛЕНГАТСИЯ
РАДИОПЕЛЕНГАТСИЯ, як навъи пеленгатсия; муайян кардани самти манбаи радиоафканишот. Ниг. Пеленг, Пеленгатор.
Муфассал »РАДИОГРАФИЯ
РАДИОГРАФИЯ (аз радио… ва …графил), услуби тадқиқи объектҳои гуногун (маснуот, минералҳо)-ро гӯянд, ки таъсири афканишоти радиоактивиро ба фотонавор истифода мебарад. Дар Радиография манбаъҳои афканишоти ионизонанда, яъне изотопҳои радиоактивӣ махсусро, ки саноати ватанӣ дар намуди ампулаҳо истеҳсол менамояд, истифода мебаранд. Дар авторадиография, ки яке аз навъҳои Радиография мебошад, изотопи радиоактив андаруни …
Муфассал »РАДИОГРАММА
РАДИОГРАММА (аз радио… ва юнонӣ gramma — аломат, ҳарф), 1) хабар, телеграммаи ба воситаи радио ирсолшуда; 2) сурате, ки тавассути радиоавтограф, радиография мегиранд. Дар соҳаи физика, техникаи ядроӣ ва ғайра барои қайд намудани нурҳои ионӣ истифода мешавад.
Муфассал »РАДИО…
РАДИО… ,қисми аввали тамоми калимаҳои мураккаби мансуби радио (масалан, радиомавҷҳо, радиография ва ғайра).
Муфассал »