РАҲМАТОВ Иброҳим Раҳматович (таваллуд 21. 2. 1921, Бухоро —11. 1.1980, Душанбе), журналист ва мутарҷими тоҷик, ветерани сохтмони маданӣ дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аълочии матбуоти Союз Советских Социалистических Республик СССР. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1944 Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Соли 1936 баъди …
Муфассал »РАҲМАТИИ ТАБРЕЗӢ
РАҲМАТИИ ТАБРЕЗӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1616, Агра, Ҳиндустон), шоир ва хушнависи форс-тоҷик. Раҳматии Табрезӣ чанд муддат дар Шероз зиста, охири умрашро дар Ҳиндустон гузарондааст. Девоне аз ӯ боқист, ки 8000 байт дошта, навъҳои гуногуни шеър (қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва ғайра)-ро дар бар ме-гирад. Раҳматии Табрезӣ ҳамчунин аз …
Муфассал »РАҲМАТИ БАДАХШӢ
РАҲМАТИ БАДАХШӢ (1786/87 шаҳри Файзободи Бадахшон — соли вафот номаълум), шоири тоҷик. Аз падараш савод омӯхтааст. Дар 14-солагӣ барои таҳсили илм ба Ҳиндустон рафт. Пас аз 10 соли таҳсил бо роҳи Кобул (ду сол дар Кобул зистааст) ба ватан баргашт. Муддате дар дарбори ҳокими Қатаған — Муродбек дабир буда, дар …
Муфассал »РАҲИМҶОНОВ Рауф
РАҲИМҶОНОВ Рауф (таваллуд 14. 9. 1907, Уротеппа), ходими партиявии советӣ. Аз оилаи батрак. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1929. Солҳои 1918-29 коргар, 1929—30 муовини директори заводи пахтаи Мирзочӯл, 1932—35 ҷонишини директори заводи пахтаи Тошкент. Солҳои 1935—36 директори заводи винои Ӯротеппа. Соли 1936 раиси Комиҷроияи шаҳр ва райони …
Муфассал »РАҲИМӢ Муҳаммадҷон Ваҳҳобович
РАҲИМӢ Муҳаммадҷон Ваҳҳобович (3. 5. 1901, деҳаи Фоиқи тумани Шофиркоми Бухоро — 23. 8. 1968, Душанбе), шоири советии тоҷик. Аз оилаи ҳунарманд. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1943. Ҳангоми таҳсил (то соли 1917 дар мактаби кӯҳна хондааст) ва баъди он бо пойафзолдӯзӣ ва батракӣ машғул буд. Баъди …
Муфассал »РАҲИМӢ Мирзораҳими Девонаи Самарқандӣ
РАҲИМӢ Мирзораҳими Девонаи Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсил намуда, ба камол расидааст. Мероси адабии Раҳимӣ (якчанд ғазалу байтҳои пароканда) тавассути тазкираву баёзҳои асри 19 то замони мо боқӣ мондааст. Ба қавли Возеҳ Раҳимӣ «дар таттабӯи ғазалиёти Навоӣ ва Бедил аз форсӣ ва …
Муфассал »РАҲИМӢ Мирзораҳими Балхӣ
РАҲИМӢ Мирзораҳими Балхӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1893), шоири тоҷик. Раҳимӣ қаландарона умр ба сар мебурд. Аз илми мусиқӣ бохабар, дар навохтани танбӯр маҳорат доштааст. Аз ашъораш (ғазалҳо) андаке дар тазкираву баёзҳои асри 19 боқӣ мондааст. Абёти зеринро Возеҳ ба номи ӯ марқум намудааст: Баски беморам зи тоби ҳаҷри …
Муфассал »РАҲИМӢ
РАҲИМӢ (тахаллус; номаш Мирзо Абдурраҳими Хони Хонон; 1556, Лоҳур—1622, ҳамон ҷо), шоири форсизабони Ҳиндустон. Писа- ри шоир ва арбоби давлатӣ Байрамхон. Дар чорсолагӣ аз падар ятим монд. Акбаршоҳ Раҳимӣро барои қадрдонии хидматҳои падараш ба зери ҳимоя гирифта, таълиму тарбияашро ба ӯҳдаи Муҳаммадамини Андиҷонӣ вогузошт. Раҳимӣ дар омӯзиши илму адаб ва …
Муфассал »РАҲИМОВА Ҷаннат Ӯруновна
РАҲИМОВА Ҷаннат Ӯруновна (таваллуд 1917, деҳаи Ёва, ҳозира райони Хуҷанд—20. 1. 1961, шаҳри Ленинобод), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, лейтенант. Аз оилаи деҳқон. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1947. Солҳои 1936—38 дар техникуми молия (ҳоло техникуми кооперативӣ)-и шаҳри Ленино- бод, 1939—41 дар Дорулмуаллимии тоҷикии шаҳри Тошканд таҳсил кардааст. …
Муфассал »РАҲИМОВА Ибодат
РАҲИМОВА Ибодат (таваллуд 12. 11. 1922, Хуҷанд, Ленинободи ҳозира), ходими партиявӣ ва давлатӣ. Аз оилаи коргар. Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1944. Соли1956 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ва соли 1959 Мактаби олии партиявии назди Комитети Марказии Комунистическая Партия Советского Союза КПСС- ро дар Москва хатм кард. …
Муфассал »