Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМӢ Мирзораҳими Девонаи Самарқандӣ

РАҲИМӢ Мирзораҳими Девонаи Самарқандӣ

РАҲИМӢ  Мирзораҳими Девонаи Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсил намуда, ба камол расидааст. Мероси адабии Раҳимӣ (якчанд ғазалу байтҳои пароканда) тавассути тазкираву баёзҳои асри 19 то замони мо боқӣ мондааст. Ба қавли Возеҳ Раҳимӣ «дар таттабӯи ғазалиёти Навоӣ ва Бедил аз форсӣ ва туркӣ бисёр ҷавоб гуфта ва манзумоташ латифу матбӯъст».

Намунае аз ашъори Раҳимӣ: Ҳасратнажоди яъсаму тӯфони нолаам

Афканда оташе бар бӯстони нолаам.

Мадҳуш кард халқи ҷаҳонро хурӯши ман,

Саҳбои ғамзадаи хумистони нолаам.

Лаззатпарасти нағмаи булбул машав ба бог,

Сатре бихон аи нусхаи девони нолаам.

Адабиёт: Суханварони Сайқали рӯи замин, Душанбе, 1973;

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …