РЕЗИНА (аз лотинӣ зифт) вулканизат, маҳсулоти эластикиест, ки дар натичҷаи вулканизатсияи каучук ҳосил мешавад. (нигаред, Каучук). Дар саноат Резинаро аз омехтаи резиние ҳосил мекунанд, ки ба ғайр аз каучук ва моддаҳои вулканизатсиякунанда боз пластификатор, стабилизатор, пуркунанда ва дигар моддаҳои зарурӣ дорад. Вобаста ба шароити истифода Резина якчанд хел мешавад: Резинаҳои …
Муфассал »РЕЗИДЕНТ
РЕЗИДЕНТ (франсавӣ гезЁдеп!, аз лотинӣ гезШепз —ҳузурдошта), 1) дар асрҳои миёна намояндаи дипломатии хориҷӣ, ки дар мамлакате доимӣ меистод. 2) Намояндаи метрополия дар протекторат. 3) Намояндаи разведка, ки дар мамлакати хориҷӣ доимӣ зиндагӣ мекунад.
Муфассал »РЕЗЕРФОРД Эрнест
РЕЗЕРФОРД (Ни1Ьег!огс1) Эрнест (30. 8. 1871, Брайтуотер, Зеландияи Нав —19. 10. 1937, Кембриҷ), физики англис. Аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон (1903). Барои хизматҳои шоёни илмӣ рутбаи лорд Нелсонро гирифт (1931). Соли 1894 Университети Крайстчерч (Зеландияи Нав)-ро хатм кард. Резерфорд солҳои студентӣ роҳҳои истифодаи мавҷҳои электромагнитиро дар телеграфия тадқиқ кард ва детектори …
Муфассал »РЕЗЕРВУАР
РЕЗЕРВУАР (франсавӣгезегуои, аз лотинӣ гезегуо — нигоҳ медорам), зарфҳои калонҳаҷмеанд барои нигоҳ доштани моеъот (об, нефт ва маҳсулоти он, маҳлулҳои технологӣ ва ғайра) ва газҳо. Резервуарҳоро рӯизаминӣ ва зеризаминӣ аз оҳан, оҳанубетон, чӯб (барои истифодан кӯтоҳмуддат) шаклаш силиндрӣ, призмавӣ, куравӣ месозанд. Шакли силиндриаш бештар маъмул аст. Дар системаи таъмини об …
Муфассал »РЕЖИМИ ҲАРОРАТИ ХОК
РЕЖИМИ ҲАРОРАТИ ХОК, низоми ҳарорати хок, бо мурури замон тағйир ёфтани дараҷаи гармии хок. Афканишоти Офтоб манбаи асосии гармие мебошад, ки хок мегирад. Ҳолати гармии хокро ҷараёни ивазшавии гармӣ аз рӯи системаи зерин муайян мекунад: қабати ба рӯи замин наздики ҳаво — растанӣ—хок—ҷинсҳои кӯҳӣ. Наботот таъсири афканишоти офтобро ба сатҳи …
Муфассал »РЕЖИМИ НАМИИ ХОК
РЕЖИМИ НАМИИ ХОК бухор шудан ва барои растанӣ сарф гардидани намии хок; маҷмӯи ҳодисаҳоест, ки ҳаракат ва гардиши оби қабатҳои хокро нишон медиҳад. Режими намии хок омили муҳими пайдоиши хок ва ҳосилхезии он аст. Режими намии хок ба шароити обу ҳаво, релефи маҳал, растаниҳо, хусусиятҳои намии хок, чуқурии обҳои зеризаминӣ …
Муфассал »РЕДУКСИЯ
РЕДУКСИЯ (аз лотинӣ гебисИо — баргаддондан, баргардониш), 1) мураккабро соддатар кардан, ба шакли барои таҳлил ё ҳалли имконпазир овардан. 2) Редуксия дар биология, нигаред, Тахфиф.
Муфассал »РЕДАКСИЯ
РЕДАКСИЯ (франс.авӣ гедасИоп, аз лотинӣ геёас1из — мураттабшуда), воҳиди маъмурии муассисаҳои системаи ахбороти умумӣ (матбуот, радио, телевизион, кино).
Муфассал »РЕГРЕССИЯ
РЕГРЕССИЯ, регрессияи баҳр (аз лотинӣ ге^гёззхо — ба ақиб гаштан, қафоравӣ), аз соҳил дур шудани баҳр. Регрессия дар натиҷаи баландшавии хушкӣ, фурӯ нишастани қаъри уқёнус ё кам шудани ҳаҷми об дар ҳавзаҳои уқёнусӣ рӯй медиҳад, Дар таърихи Замин борҳо дар ноҳияҳои гуногун Регрессия ба амал омадааст. Нигаред, низ Трансгрессия.
Муфассал »РЕГОМЕЗ
РЕГОМЕЗ, заминеро гӯянд, ки хокаш бо рег омехтааст.
Муфассал »