СУФИИ МОЗАНДАРОНӢ Мавлоно Муҳаммадюсуф (соли таваллуд номаълум — вафот 1625, Аҳмадободи Гуҷарот), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз Суфии Мозандаронӣ тақрибан 4 ҳазор байт (ғазал, қасида, рубоӣ) боқи мондааст. Суфии Мозандаронӣдар тазкираи «Майхона» ҳамчун муаллифи соқинома зикр шудааст. Соқиномаи ӯ яке аз беҳтарин соқиномаҳо дар адабиёти форс-тоҷик ба шумор меравад. Тазкирае ояд …
Муфассал »СУМИ ШАРТӢ
СУМИ ШАРТӢ, навъи валютаи колективии байналхалқиест, ки воҳиди муҳосибавӣ ва воситаи пардохти муҳосиботи байнидавлатии мамлакатҳои аъзои Совети ёрии иқтисодии байни хамдигарӣ (СЁИБ) мебошад. Ифодаи тиллоии Суми шартӣ ба 0,987412 г тилло баробар аст. Он соли 1963 таъсис шуд. Суми шартӣ фақат барои савдои ғайринакдӣ, кредитҳо ва дигар пардохтҳои байни мамлакатҳои …
Муфассал »СУМ
СУМ, воҳиди пули СССР дар забони баъзе халқҳои СССР. Аввалин Суми ооветӣ соли 1916 дар шакли билети кредити давлатӣ бароварда шуд. Соли 1921 дар РСФСР аввалин Суми нуқраро сикка заданд. Соли 1922 червонҳои коғазӣ, соли 1923 червонҳои тиллоӣ (8,6 г), соли 1924 билетҳои хазинаи давлатии 1,3 ва 5-сӯма, Суми нуқра …
Муфассал »СУК
СУК, 1) сик, ахгул, қилтиқ, сихҳои нозуки хӯшаи ҷаву гандум ва баъзе гиёҳҳои хӯшадори дигарро гӯянд; 2) арзани муқашшар (нигаред низ Арзан).
Муфассал »СУЗИШВОРИИ ЯДРОӢ
СУЗИШВОРИИ ЯДРОӢ моддаеро гӯянд, ки дар реактори ядроӣ барол ҳосил кардани энергия истифода мешавад. Аз изотопҳои табии танҳо 235U Сузишвории ядроӣ мебошад, ки ҳатто бо таъсири нейтронҳои ҳароратӣ (нейтронҳои энергияашон ҳамаги 0,025 эВ) пора шуда метавонад. Дар натиҷаипора шудани як ядрои 235U ~ 200 МэВ (е худ аз 1 кг …
Муфассал »СУЗИШВОРИИ РЕАКТИВӢ
СУЗИШВОРИИ РЕАКТИВӢ, сӯзишвориест, ки дар муҳаррикҳои реактивии авиационӣ ястифода мешавад. Ба сифати Сузишвории реактивӣ маъмулан фракцияҳои карасиндори нефтҳои камсулфур (масалан, сӯзишвории тамғаи—Т-1) ва серсулфур (ТС-1)-ро истифода мебаранд. Муҳимтарин нишондиҳандаҳои Сузишвории ракетивӣ зичӣ ва гармии сӯзиш мебошад, ки дурии парвозро муайян мекунанд. Сузишвории ракетивӣбояд дар ҳароратҳои баланд вайрон нашавад, махсусан дар …
Муфассал »СУЗИШВОРИИ САХТ
СУЗИШВОРИИ САХТ, нигаред Борут, Сӯзишвории ракетӣ.
Муфассал »СУЗИШВОРИИ РАКЕТӢ
СУЗИШВОРИИ РАКЕТӢ, модда ё маҷмӯи моддаҳост, ки дар муҳаррики ракетӣ (ФЖР) чун манбаи энергия ва ашёи корӣ барои ҳосил кардани қувваи ҳаракатдиҳанда истифода мегардад. Сузишвории ракетӣ ду хел мешавад: химиявӣ (энергияи зарурӣ дар натиҷаи реаксиҳои химиявӣ ҳосил мешавад) ва ғайрихимиявӣ (электри табдилоти дохилиядроӣ ё энергияи электрӣ ба моддаҳои махсус — …
Муфассал »СУЗИШВОРИИ МОТОРӢ
СУЗИШВОРИИ МОТОРӢ, сӯзишвории моеъ ва газист, ки дар муҳаррикҳои дарунсӯз (поршенӣ, реактивӣ, газотурбинӣ) истифода мешавад. Сушишвории моторӣ ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешавад: 1) сӯзишвории карбюраторӣ (бензинхои авиационию автомобилӣ, карасини трактор, сӯзишвории дизелӣ) 2) сӯзишвории ғайрикарбюраторӣ (газотурбиий, реактивӣ ва ғайра). Сушишвории моториро аз нефт ва газҳои карбогидрид ҳосил мекунанд. Он 63%-и …
Муфассал »СӮЗИШВОРИИ ДИЗЕЛӢ
СӮЗИШВОРИИ ДИЗЕЛӢ, сӯзишвории моеъест, ки дар дизелҳо истифода мешавад. Ду гурӯҳи Сӯзишвории дизелиро истеҳсол мекунанд: 1 — сӯзишавориҳои камғилзати дистиллят барои муҳаррикҳои тезгард (беш аз 1000 гардиш дар як дақ); 2— сӯзишвориҳои серғилзати фракцияҳои боқимондаи (вазнини) тақтири нефт барои муҳаррикҳои сустгард (то 600 гардиш дар як дақиқа). Сӯзишвории дизелии гурӯҳи …
Муфассал »