Маълумоти охирин

СУМ

yak-rubl

СУМ, воҳиди пули СССР дар забони баъзе халқҳои СССР. Аввалин Суми ооветӣ соли 1916 дар шакли билети кредити давлатӣ бароварда шуд. Соли 1921 дар РСФСР аввалин Суми нуқраро сикка заданд. Соли 1922 червонҳои коғазӣ, соли 1923 червонҳои тиллоӣ (8,6 г), соли 1924 билетҳои хазинаи давлатии 1,3 ва 5-сӯма, Суми нуқра (18 г нуқраи холис) ба муомилот бароварда шуд. Соли 1961 баъди навшавии пул қурби тиллоииСум ба 0,987412 г тиллои холис расид. Барои муомилоти дохилӣ билетҳои хазинагии арзишаш 1, 3, 5, 10, 25, 50, 100-сӯма ва Суми металлӣ бароварда шуданд. Сумҳои металлии хотиравӣ ба муносибати санаю воқеаҳои таърихӣ боз чандин бор барамаданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …