Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 79)

Биология

ШИБАРГИЁҲ

shibargiyoh

ШИБАРГИЁҲ шиваргиёҳ, заҳгиёҳ (Heleocharia), ҷинси гиёхҳои яксола ва бисьёрсолаест аз оилаи ғешаиҳо. Решаҳои палакмонанди сернавда, пояи бебарг, гули дуҷинса ва «чормағзак»-и сеқирра доранд. Тақр. 100 намуди Ш. маълум аст, ки аксар растаиҳои обӣ ва ботлоқӣ (гелофитҳо) буда, одатан дар обанборҳои хурд, шибарҷойҳо ва замини заҳ (аз ноҳияҳои тропикӣ то минтақаҳои …

Муфассал »

ШЕРПАЛАНГ

ШЕРПАЛАНГ, юзпаланг, ирбис (Uncia uncia), як навъ ҷонвари ширхури даррандаро гуянд. Бино ба таснифоти зоологӣ ба оилаи гурбашаклҳо мансуб аст. Дарозии баданаш қариб 130 см, думаш қариб 90 см, вазнаш 26 —40 кг. Пойҳои кутоҳ ва панҷаҳои паҳн дорад. Мӯинааш дароз, зич ва нарм аст. Шерпаланг хокистарранг ё сафедча буда, …

Муфассал »

ШЕРОЗӢ

xarbuza

ШЕРОЗӢ, навъи харбузаи миёнсолӣ. Шаклаш лунда, дарозиаш то 40 см, вазнаш 3—4 кг. Пусташ суфта ва баъзан рахдор, бетур, нақшҳои сабзранг дорад. Рангаш сабзи зардранг. Ғафсии гушташ 4—5 см, сафеди хокистарранг, баъзан сурх, cepшира ва хуштаъму хушбуст. 7,2— 9,8% қанд (3,5—6,5% сахароза) ва 9,0—12,9% моддаи хушк дорад. Баъди 80—95 рузи …

Муфассал »

ШЕР

sher

ШЕР, ғазанфар, арслон, ҳайдар, як навь ҷонвари ширхури даррандаро гуянд. Бино ба таснифоти зоологӣ мансуби оилаи гурбашаклҳост. Сар ва ҷуссаи калон дорад. Дарозиаш то 210 см, думаш то 110 см, вазнаш то 280 кг. Шер пурқуввату чолок аст. Муи танаш паст ва зарди бурранг мебошад; як қисми cap, гардан, сина …

Муфассал »

ШАҲДДОН

shahddon

ШАҲДДОН, шаҳддони гул, нектарник, як навъ ғадуди растаниҳоро гуянд, ки моеъи ширин — гулшаҳд ҷудо мекунад. Шаҳддон асосан дар гул, баъзан дар дигар узвҳои растанӣ ҷой гирифта аст. Шаҳддон ҳашарот (баъзе паррандаҳо, мас., гулмакҳо)-ро ба гул ҷалб менамояд ва ба тавассути онҳо ба гардолуд шудани гул мусоидат мекунад. Шаҳддони гул …

Муфассал »

ШАҚОҚУЛ

shakokul

ШАҚОҚУЛ, шашқул, шашқоқул, ашқоқул, сабзии даштӣ, сабзикаҳак, ҷазирак (Daucus carota), як навъ гиёҳи як ва дусолаест аз оилаи чатргулҳо. Бехаш (тиррешааш) дукмонанд. Пояаш рост, сахт, шохронда (то 1.5 м қад мекашад). Шақоқул (1), гул (2) ва тухми он (3). Баргаш калон, пармонанд. Хушагулаш чатршакл (диаметраш 4—10 см), сергул. Гулаш сафед …

Муфассал »

ШАҚОИҚИ НӮЪМОН

shakoiki-numon

ШАҚОИҚИ НӮЪМОН, 1) лолаи Нӯъмон, лӯълӯи Нӯъмон (Anemone coronaria), як навъ гули маъмули лоламонандест аз ҷинси шақо (оилаи чакамуғиҳо). Бехаш ҷалғузаамонанд, сахт ва камоб мешавад. Пояаш 30—50 см қад мекашад. Гулаш калон (диаметраш 6—8 см), сурх (моҳҳои апр.—июнь мешукуфад). Шақоиқи Нӯъмон гули қадимист. Мувофиқи гуфти Абурайҳони Берунӣ Азҳарӣ Ш. Н. …

Муфассал »

ШАҚОИҚ

shakoik

ШАҚОИҚ, гули шақоиқ, шақир, шақира, шақиқ (Anemone), як ҷинси гиёҳҳои бисьёрсола ва буттаест аз оилан чакамуғиҳо, Дар шароити Тоҷикистон Шақоиқ гиёҳест, ки патакреша, решапоя ва бехи лундамонанд дорад. Пояаш одатан як-то, баъзан 2—3-то (3—35 см қад мекашад). Баргаш панҷашакл (даро-зиаш 2—7 см, ба-раш 2,5— 7 см). Гулаш калон (диаметраш 0,5—6 …

Муфассал »