Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 78)

Биология

ШИКАМ

shikam

ШИКАМ, батн, қисми ба ҳали одамро гуянд, ки аз ҷавф (холигӣ) ва девораҳои он иборат аст. Девораи Ш.-ро пуст, мушак, апоневроз, фасцияҳо ташкил медиҳанд, ки аз ақиб бо сутунмуҳра пайваст шудаанд. Аз пешу паҳлу бошад, бо қабурғаҳо ва қисман бо қафаси сина пайваст мебошад. Аз сари сина то зиҳор хати …

Муфассал »

ШИКАМБА

shikamba

ШИКАМБА, шикамба, ишкамба, қисми аввал ва аз ҳама калони меъдаи ҳайвоноти жовандаро гуянд, ки қариб тамоми тарафи чапи ҷавфи шикамро дар бар мегирад. Ҳаҷми Ш.-и ҳайвони болиғ ба 4/5 ҳиссаи ҳаҷми тамоми меъда баробар аст. Девораи Ш. аз қабатҳои берунӣ (серозӣ), миёна (мушакӣ) ва дарунӣ (луобпарда) таркиб ёфтааст. Девораи дарунӣ …

Муфассал »

ШИЗОФРЕНИЯ

shizofreniya

ШИЗОФРЕНИЯ (аз юн. schizo — таҷзия мекунам ва phren — адл, фикр), як навъ бемории руҳиро гуянд. Сабаби Ш. алҳол маълум нест. Вобаста ба шакли Ш. дар шахс зуҳуроти гуногуни ихтилоли фаъолияти руҳӣ, яъне васваса, таваҳҳум (галлюцинация), ҳаяҷон, ё баръакс карахтӣ ба вуҷуд омада, ба қадри инкишофи беморӣ қувват мегирад. …

Муфассал »

ШИЁФ

ШИЁФ, як навъи дору (вазнаш аз 0,5 то 1 г); дар ҳарорати муқаррари сахт, вале аз таъсири гармии бадан мулоим ва об мешавад. Онро аз доруҳои гуногун ва равғани какав тайёр мекунанд. Ш.-ро ба рӯдаи рост ё маҳбал дохил мекунанд.

Муфассал »

ШИБРАМ

sibram

ШИБРАМ, гиёҳест биёбонӣ, баландпоя, рост ва ширадор монанди най, ки дар тибби қадим барои муолиҷаи истиско (обхура), дуланд, мафосил ва ғ. ба кор мебурданд.

Муфассал »

ШИБОҒЧОЙ

shiboghchoy

ШИБОҒЧОЙ (Orostachys thyr-siflora), як навъ гиёҳест аз оилаи ушкуфаиҳо. Зоҳиран ба гиёҳи ушкуфа монанд аст. Пояи гулдораш 5—20 см қад мекашад. Баргаш сергушт, сегуша; дар бехи поя зич месабзад. Гулаш 5-баргаи сафед ё гулобист (дарозии гулбаргаш 5—6 мм). Тухмаш майда, байзашакл. Дар баландкуҳҳо, санглохи нишебии куҳҳо, шахсор, баъзан дар шағалу …

Муфассал »

ШИБОҒ

shibogh

ШИБОҒ, шивок,, явшон (Artemisia), ҷинси гиёҳҳом 1—2 ва бисёрсола ва нимбуттаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш аксаран серпашмаки хокистарӣ буда, то 1,5 м қад мекашад. Баргаш чок-чок, баъзан яклухт, гулаш майда, бештар зард ё сурхтоби бунафш. Ш. беш аз 400 намуд аст. Асосан дар минтақаи иқлимаш муътадили Европа, Осиё, Америкаи Шимолӣ, …

Муфассал »

Мори ШИБО

ШИБО, морҳои шибо (Viperi-dae), як навъ мори заҳрдорест; аз руи таснифи илмӣ як оилаи морҳои заҳрдорро низ гуянд. Устухони ҷоғи болои морҳои шибо кутоҳ ва ҳаракатнок буда, дар охиращш як ё ду дандони калони найчашакл дорад, ки ба ғадудҳои заҳрбарор пайваст аст. Ш. 10 ҷинс дорад, ки қариб 60 намудро …

Муфассал »

ШИБИТ

shibit

ШИБИТ, шибид, шивид, шивиз, шибис, шибитак (gravoolens), гиёҳи як-дусолаест аз оилаи чатргулҳо; як навъ сабзаи хушбуст. Пояаш рости сершох, аз 40 то 150 см (баъзан то 2 м) қад мекашад. Баргаш паршакл, гулаш майдаи зард, 5-барга. Ш.-ро аз қадим мепарванранд. Онро юнониҳо, мисриҳо ва римиҳои қадим чун гиёҳи доруӣ, сабзавотӣ …

Муфассал »

ШИБИРҒОНӢ

angur1

ШИБИРҒОНӢ, кишмиши сиёҳ, як навъ ангур. Асосан дар вил. Ленинободп РСС Тоҷ., вил.-ҳои Самарқанд, Бухоро, Тошкент, Қашқардарёи РСС Узб., РОС Туркм. РСС Арм., РСС Қир. паҳн шудааст. Токаш тезсабз, 34,7—53,1 ва баъзан 82,3%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш мудаввар (дарозиаш 13 см, бараш 14 см) се-панҷпарра, гулаш дуҷинса. Калонхуша (дарозиаш 20 см …

Муфассал »