Маълумоти охирин

ШИБИТ

ШИБИТ, шибид, шивид, шивиз, шибис, шибитак (gravoolens), гиёҳи як-дусолаест аз оилаи чатргулҳо; як навъ сабзаи хушбуст. Пояаш рости сершох, аз 40 то 150 см (баъзан то 2 м) қад мекашад. Баргаш паршакл, гулаш майдаи зард, 5-барга. Ш.-ро аз қадим мепарванранд. Онро юнониҳо, мисриҳо ва римиҳои қадим чун гиёҳи доруӣ, сабзавотӣ ва ороишӣ парвариш мекардапд. Ҳоло Ш.-ро дар бисьёр ноҳияҳои СССР ва аз ҷумла Тоҷикистон мепарваранд. Ш.-ро аз аввали баҳор то охирҳои тобистон мекоранд; меъёри кишти тухмӣ ба ҳар га аз 12—16 кг (кишти тухмӣ) то 25—30 кг (барои сабзавот). Тухмиро пеш аз кишт 4—6 соат тар мекунанд. Ш. зироати сармобардор, ба рушноӣ ва намӣ серталаб аст. Аз ҳар га шибитзор 80—100 ц ҳосил (баргу пояи сабз) меғундоранд.

shibit

Ш. сабзаи хеле маъмул аст. Хурокро хуштаъму хушбуй ва серғизову хушҳазм мекунад. Онро барои тайёр кардани очор ва консерви сабзавот фаровон истифода мебаранд. Ш.-ро хушконида зимистон ҳам истеъмол кардан мумкин аст. Омехтаи хушки куфтап Ш. ба ҷаъфарӣ, карафс, тархун (20% намак) ва ғ. хурипи хуб мешавад. Тухми Ш.-ро дар қаннодӣ, консервонӣ ва атриёт истифода мебаранд.

Барги тару тозаи Ш. сервитамин аст; дар 100 г-и он 54—128 мг витамини С, 3.6—7 мг каротин (провитамини А), витамини В, В8 Р, РР, 1,5% равғани эфир (то 16% карвон, фелландрен, терпимей, диллапиол ва ғ.), 1—4% моддаҳои нитрогендор, 0,4—1,6% қанд, инчунин намакҳои оҳан, калий, калдций ва фосфор ҳаст. Тухми Ш. 2S—4% равғани эфир (то 30% диллапиол, то 50% карвон; лимонен ва ғ.) ва то 20% равған дорад.

Ш. гиёҳи шифобахши қадимист. Дар замони Диоскорид (Дисқуридус; а. 1 м.), Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалии Сино ва диг. доруии Ш. маълум буд. Мас., Сино бо равғани шибис дарди асаб, бо ширааш дарди гуш ва бо хокистараш захму ҷароҳатро табобат менамуд. Табибони халқӣ ҷушоб ва нақеъ (настой)-и тухми Ш.-ро ҳангоми номураттабии кори узвҳои ҳозима, хафадон ва ғ. тавсия медиҳанд. Сабзаи онро доруи пешоброн меҳисобанд. Дар асоси таҷриба муқаррар кардаанд, ки нақеъи баргу пояи Ш. ғалаёни хунро паст, рагҳои хунгузарро васеъ мекунад ва кори гурдаву дилро тақвият медиҳад. Дар тибби имрӯза нақеъи баргу пояи Ш.-ро барои дафъи ғалаёни хун (гилертонияи дараҷаи I ва II) истифода мебаранд. Аз мевааш доруи «Анетин» тайёр мекунанд, ки онро ба беморони гирифтори заъфи дил (костин гардиши хуни сиёҳраг) ва ташаннуҷ (спазма)-и узвҳои ҷавфи шикам тавсия медиҳанд.

Ад.: Силяревский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, М., 1972; ВеховВ.Н., [ва диг.], Культурные растения СССР, М., 1978. М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …