Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 42)

Биология

ТАРРА – кабудӣ

128

ТАРРА, тара, сабза, нӯшгиёҳ, кабудӣ, бақл, баргу пояи баъзе набототро гӯянд, ки барои нонхӯриш ба кор мебаранд (масалан, наъно, ҷаъфарӣ, райҳон, шибит, испанох, кашниз, карафс, пудина (ҳулба), таратезак, шулха ва ғайра). Ҳар гуна сабзавотест, ки дар тару тозагиаш мехӯранд.

Муфассал »

ТАРМЕВА

meva

ТАРМЕВА, меваҳои тару хӯрданбоби рустаниҳои кишта ва худрӯйро гӯянд. Тармева тухмдор (себ, нок, биҳӣ), донакдор (зардолу, олу, гелос, олуболу, шафтолу ва ғайра), цитрусӣ (афлесун, лиму, норанҷ, грейпфрут ва ғайра), субтропикию тропикӣ (анҷир, анор, нағзак (манго), ананас, муз (банан), авокадо) ва ғуҷуммевадор (қот, марминҷон, бектошӣ, ангур, ва ғайра) мешавад. Тармеваро хоҷагиҳое, …

Муфассал »

ТАРБУЗ

tarbuz

ТАРБУЗ (Gitrulus), як ҷинси растаниҳои полезист (аз оилаи кадуиҳо). Палакаш дароз, сершох, баргаш сопарра, гулаш қифшакли зард, одатан, ҷудогона. Самарааш мудаввар ё дарозрӯя, пӯсташ сабз, сабаи сиёҳтоб (гулдор ё бегул). Мағзаш гулобӣ, сурх, баъзан сафед ва зард, серобу ширин. Навъҳои тарбуз вобаста ба маҳалли кишт ва тарзи парваргашаз 6,37% то …

Муфассал »

ТАРБОД – ревматизм

rheumatic-diseases-tag

ТАРБОД, ревматизм, дарди мафосил, беморин Буйо — Сожольский, як навъ бемории сироятию аллергиро гӯянд, ки зимни он бофтаҳои пайвасткунанда, махсусан системаи дилу рагҳо зиён мебинанд. Соли 1835 духтури франсавӣ Ж. Б. Буйо ва соли 1836 духтури рус Г. И. Сокольский новобаста аз ҳамдигар тарбодро беморие донистанд, ки на фақат ба …

Муфассал »

ТАПИР

tapir

ТАПИР (Таpiridae), як навъ ҳайвони тоқсуми ширхорест. Ҷуссааш калон, пойҳо ва гӯшу думаш кӯтоҳ мебошад. Рангаш бештар бӯри тира, ҷавонааш холдор. Дарозиаш то 2,5 м, баландиаш 75—120 см, вазнаш 200—300 кг. Т. дар бешазорҳои серботлоқи Осиёи Ҷанубӣ Шарқӣ, Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ маскун мебошад. Тапирҳо аксаран тоқа-тоқа зиндагӣ мекунваид; шабгарданд. …

Муфассал »

ТАРАШШӮҲ

bemor

ТАРАШШӮҲ, секресия, ҳосил ва ҷудо шудани усора (секрет)-ро дар ҳуҷайраи ғадудҳо гӯянд, ки барои ҳаёти организм зарур аст. Тарашшӯҳ берунӣ ё экзокринӣ (усора аввал ба маҷрои ғадуд дохил шуда, сонӣ ба сатҳи бадан ё узвҳои ковок ихроҷ мегардад) ва дарунӣ ё эндокрини (усора ба хуну лимфа мегузарад) мешавад. Усораи ҳар …

Муфассал »

ТАРАТЕЗАК

taratezak

ТАРАТЕЗАК, тартезак, хурф, суффо (Lepidium satium), гиёҳи яксолаест аз оилаи чиликгулҳо; як навъ сабзавотест, ки таъми тунд дорад. Пояаш рост, 30—60 ом қад мекашад. Баргаш пармонанд, гулаш майда, сафед, бунафш ё гулобӣ, ғилофакаш гирда ё байзашакл, тухмаш майдаи ҷигарӣ ё сурхтоб. Таратезак аз тезрастарин сабзавот аст. Тухми онро аввали баҳор …

Муфассал »

ТАРАНТУЛ

tarantul-tortanak

ТАРАНТУЛ, бӣ, як навъ тортанаки заҳрдор, аз рӯи таснифи илмӣ як гурӯҳи тортанакҳо аз оилаи Lucosidae. Тарантулҳо дар лонаҳои чуқур (то 60 см) зиядагӣ мекунанд; хӯрокашон ҳашарот аст. Дар СССР аз ҷумла Осиёи Миёна тарантулҳои русӣ (Lucosa- cingorientis) паҳн шудааст. Дарозиаш то 3,5 см; дар биёбон, нимбиёбон ва бешадашт зиндагӣ …

Муфассал »