Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИИ ҲАМЗАМОН

БОЗИИ ҲАМЗАМОН

bozii-hamzamonБОЗИИ ҲАМЗАМОН, мусобиқаи шоҳмоти оммавӣ, ки дар он нафаре ҳамзамон бо чандин нафари дигар бозӣ мекунад. Дар ин намуд бозиҳо, тибқи қоида, бозигари касбии сатҳи баланд ҳатман бо муҳраҳои сафед бо гурӯҳи бозигарони ҳаваскор ба рақобат мепардозад. Такрибан тамоми чемпионҳои ҷаҳон махорати худро дар ин бозӣ намоиш додаанд. Бозии ҳамзамон аз тадбирҳои муассирест, ки ба воситаи он машғулиятҳои маърифатӣ ба монанди шоҳмот тарғиб мешавад. Чунин бозиҳо барои шоҳмотбозони ғайрикасбӣ амалан имкони ягонаеанд, ки ба таври мустақим бо рақиби касбии сатҳи баланд қувва озмоянд. Ин дар ҳолест, ки бозигари касбӣ нерӯи хешро то андозае дар баробари рақибони зиёд коҳиш медиҳад ва барои бозигари хуб умеде ба пирӯзӣ фароҳам меояд. Дар навбати худ бозигари касбӣ аз чунин мусобиқа имкони пайдо кардан и дастмузд меёбад (ширкат барои ҳавасмандони ин мусобиқа, чун қоида, маблағ мехоҳад).

Таърихи шоҳмот собиқ чемпионҳои ҷаҳон – X. Капа- бланка, А. Алёхин ва М. Талро аз истеъдодхои бузурги Бозии ҳамзамон мешуморад. Дастовардҳои устодон дар Бозии ҳамзамон бо мурури замон афзун мешавад. Чунончи, то нимаи аввали асри 20 рекорди шумораи дидорҳо дар ин мусобиқаҳо андаке бештар аз 100 буд, аммо гроссмейстери эронӣ Эҳсони Қоиммақомӣ 8 феврали 2011 дар Теҳрон тавонист ҳамзамон бо 604 нафар рақобат ва рекордшиканӣ кунад. Ин мусобиқа 25 соату 5 дақиқа тӯл кашид ва Қоиммақомӣ дар 580 дидор пирӯз шуд, 8 бозии дигар мусовӣ ва танҳо дар 16 бозӣ бохт. Дар Бозии ҳамзамон боз як рекорди дигар дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт шудааст, ки он устоди шоҳмотбоз Жужа Полгари маҷористонист. Полгар дар зарфи 16 соат тавонист 1136 дидорро анҷом диҳад ва нишондоди замонии ӯ бо ин теъдод рақибон дар олами шоҳмот бесобиқа асг.

Адабиёт: Шахматы. Энциклопедический словарь. Москва, 1990.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …