Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОТУЛИЗМ

БОТУЛИЗМ

botulizmБОТУЛИЗМ (аз юнонӣ botulus – ҳасиб), аллантиа­зис, ихтиизм, аз ҷумлаи бемориҳои вазнин; заҳролудии шадиди сироятӣ аз хӯрок. Ботулизм дар натиҷаи аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани мағзи дарозрӯя ва ҳароммағз падид меояд. Ангезаи Ботулизм – Clostridium botulinum дар муҳити беоксиген (нигар Анаэробҳо) рушд намуда, спораву заҳр ҳосил мекунад, ки тақрибан 0,3 мкг-и он барои одам марговар аст. Ангезандаҳои Ботулизм бар 7 навъанд: А, В, С (Сα ва Сβ), D, Е, F, G. Барои инсон хусусан ангезаҳои навъи А, В ва Е хавфноканд. Заҳри ангезандаи Ботулизм (ботулотоксин) ҳангоми гарм кардан таҷзия ва дар натиҷаи ҷӯшондан зуд маҳв ме­шавад. Ба ботулотоксин намаки ош таъсир намерасонад. Спораҳои ангезанда ҳангоми ҷӯшонидан то 5 соат (дар ҳарорати 105°С то 2 соат) маҳфуз мемонанд, аммо дар ҳарорати 120°С баъди 20 дақиқа маҳв мешаванд.

Ботулотоксин ба воситаи луобпардаи меъда ва рӯда ба хун ворид шуда, мушакҳоро бекор, рагҳои хунро тангу фалаҷ ва мӯрагҳо (капиллярҳо)-ро мурт мегардонад. Аз таъсири ботулотоксин хусусан нейронҳои муҳаррики ҳароммағз ва мағзи дарозрӯя зуд ҳассос мегарданд.

Давраи ниҳонии Ботулизм аз 2-12 соат то 7 шаборӯз аст. Оғози беморӣ шадид аст. Сандуқи сина дард карда, дилбеҳузурӣ, қай, исҳол пайдо мешавад, аммо зуд мегузарад. Ҳарорати бадан муътадил, бемор беҳол ва мушакҳо заиф мешаванд. Бисёр вақтҳо аломати аввалини Ботулизм хушкидани даҳон ва хира шудани чашм аст. Пеши чашмро «парда» ё «туман» мегирад. Вокунишн бемор ба рӯшноӣ суст ё умуман нест мешавад, ғӯзаи чашми ӯ беҳаракат ва пилки боло овезон гашта, одам нофаҳмо ва бо бинӣ ҳарф мезанад. Оқибати Ботулизм хатарнок аст.

Ботулизм дар асоси нишонаҳои бистарӣ (клиникӣ), маълумо­ти эпидемиологӣ ва натиҷаҳои санҷиши лабораторӣ ташхис мегардад. Бемор ҳатман дар беморхона хобонда мешавад. Дар рӯзҳои 1-3-юми беморӣ бо мақсади рабудани зарари заҳр аз зардоби зидди Ботулизм истифода мекунанд.

Ба Ботулизм бештар гирифтор шудани одамон дар Тоҷикистон аз солҳои 70 асри 20 шурӯъ шуд. Дар беморхонаҳои мамлакат соле даҳҳо хонавода бо ташхиси бемории Ботулизм бистарӣ мегар­данд, ки сабаби он истеъмоли консервҳои сабзавотӣ, хусу­сан боимҷон, бодиринг, занбурӯғ, сир, қаламфур ва карам аст. Ба хотири пешгирии Ботулизм риояи қоидаҳои тайёр кардану нигахдошти консервҳо ҳатмист. Истифодаи консервҳои сарпушашон дамида ва зангзада қатъан мамнӯъ аст.

Адабиёт: Қамардинов X. К. Бемориҳои сироятӣ. Душанбе, 2000; Ҳамон. Инфекционные и паразитарные болезни. Душанбе, 2009.

Э. Раҳмонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …