Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОСНИҲО

БОСНИҲО

bosnihoБОСНИҲО, яке аз халқиятҳои славянҳои ҷанубӣ, ки дар давраи империяи Усмонӣ бар асари ба ислом рӯ овардани славянҳои Босния пайдо шуда, асосан дар Бос­ния ва Ҳерсоговина умр ба сар мебаранд. Аксари кулли диндорон мусулмонони суннимазҳаб ва теъдоде аз онҳо масеҳиёни православ мебошанд. Забонашон босниягист. Дар саршумори аҳолӣ дар Югославияи собиқ дар солҳои 1960-70 ба ҷойи истилоҳи «боснӣ» ибораи «славянҳои мусулмон» истифода шудааст. Тибқи омори соли 2005 теъдоди умумии босниҳо 2147 ҳазор ва тибқи саршумори соли 2011 шумораи умумии онҳо дар саросари ҷаҳон 2400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор дар Босния 2218638 нафар, дар Сербия 136087 нафар, дар Черно­гория 53605 нафар, дар Туркия беш аз 30 ҳазор нафар, дар ИМА 30 ҳазор нафар, дар Хорватия 14 ҳазор нафар Босниҳо умр ба сар мебаранд.

Қ. Расулиён.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …