БОСМАЧИГӢ (аз туркӣ босмоқ – зер карда гирифтан, пахш кардан), унвони ҳаракати муташаккилу мусаллаҳонаи аксулинқилобии халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили хокимияти шӯроҳо дар солҳои 1918-35. Босмачиён худро муҷоҳид (ҷиҳодкунанда) меномиданд. Ҳокимияти Шӯравӣ ин муҷоҳидонро ба гордиёни сафеди Руссия монанд дониста, бо забони маҳаллиёни ҶМШС Туркистон онҳоро бо калимаи «босмоқчӣ» ба маънои ғоратгар, тороҷгар, яъне, чун тороҷгарон, ғоратгарон, зеркунандагон, пахшкунандагон номгузорӣ карда буданд, ки баъдан дар таърихнигорӣ истилоҳи собит шуд. Бино ба таркиби гуногуни ин ҳаракат ва аҳдофи мухталифи ширкаткунандагони он вобаста ба хостгоҳи иҷтимоиашон ва бо мақсади умумии нест кардани душман дар як ҷабҳа муттаҳид шуда, ҷангидан ба муқобили Шӯроҳо бо гузашти камтар аз як аср изҳори назар ва дидгоҳҳои гуногун дар байни олимону муаррихон роҷеъ ба сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои фарҳангию сиёсӣ, муваффақиятҳои нахустин ва шикасти ниҳоии Босмачӣ ва арзёбии хусусиятҳои ин ҳаракат ба вуҷуд омадааст. Аз рӯи ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавиию мазҳабии сарони гурӯҳҳои мухолиф (Шӯравию босмачигӣ) метавон ҳақиқати ин ҳаракатро дар маҷмӯъ дарёфт. Яъне ба Босмачӣ на аз рӯи иштирокашон дар ҳаракати зиддишӯравӣ, балки аз рӯи мақсадҳои зоҳирию ботинии сарваронашон баҳо додан зарур аст. Босмачигарӣ ҳамчун ҳаракати зиддишӯравӣ дар Тоҷикистон се марҳаларо таӣ намудааст: ноябри соли 1917 — июни соли 1918; июли соли 1918 – октябри соли 1923; ноябри соли 1923 – соли 1935.
Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна қувваҳои аксулинқилобӣ барои ҷудо кардани ҷумҳуриҳои мазкур аз Россияи Шӯравӣ ва барқарор намудани ҳокимияти миллию таъмини озодии мазҳабӣ ба ҷамъ кардани муҷоҳидон ба дастаҳои Босмачӣ пардохтанд. Босмачигиро амалан Эргашу Мадаминбек дар водии Фарғона ва Иброҳимбеку Анвар дар Бухорои Шарқӣ ба вуҷуд оварда буданд ва дар авҷи ҳаракати Босмачигӣ (солҳои 1919—22) онҳо роҳбарии тамоми умурро дар даст доштанд. Вале роҳбарони бевосита ва ҳақиқии Босмачигӣ ташкилотҳои аксулинқилобию мазҳабии созмондодашуда ба номҳои «Шӯрои исломӣ», «Шӯрои уламо», «Алаш» ва «Урча» буданд. Ба онҳо мудохилагарони Англияву Амрико, гурӯҳҳое аз Туркия, Хитой, Афғонистон ва дигар давлатҳо роҳбарӣ ва барояшон кумакҳои молию низомӣ мекарданд. Масалан, дар ташкил ва мусаллаҳгардонии дастаҳои босмачиён баҳори соли 1918 намояндагони низомии давлатҳои хориҷа – роҳбари миссияи ҳарбию дипломатии Англия Ф. Бейли, консули амрикоӣ дар Тошканд Р. Тредуэлл, консули фаронсавӣ Костанйе дар омӯзиши дастаҳои Босмачӣ афсарони Англияву Туркия ва гордиёни сафеди Рус ширкат карда буданд.
Соли 1918 водии Фарғона майдони асосии ҳаракати Босмачигӣ гардид. Аввалин дастаҳои Босмачигӣ охири соли 1917 бо сардории Эргаш дар Қӯқанд фаъолият намуданд. Баҳори соли 1918 босмачиён фаъолияти худро пурзур намуда, ба ноҳияи Ӯш (Ош) ҳуҷум карданд. Солҳои 1918-21 дастаҳои босмачиёни Мадаминбек, Кӯри Шермат ва Раҳмонқул-қӯрбошӣ ба водии Фарғона ҳуҷум карда, Ушу Ҷалолободро ба даст дароварданд. Мегӯянд, ки ин фаъолияти босмачиён бо ташкили «Ҳукумати муваққатии Фарғона» анҷомид. Апрели 1921 дар Фарғона баъди ғалабаи ҳокимияти маҳаллии шӯроҳо бо кумаки артиши русҳо 7 ҳазор, дар Бухоро низ ҳамин миқдор ва дар Хева ҳудуди ҳазор нафар босмачӣ боқӣ монда буд. Октябри 1921 вазири ҳарбии Туркия Анвар-пошо ба Бухоро омада, мардуми муътақид ба дини исломро ба «Иттиҳоди ҷамъиятҳои инқилобии мардуми мусулмони Осиёи Миёна» даъват кард. Ба ӯ муяссар шуд, ки дастаҳои парокандаи босмачиёнро бо ҳам муттаҳид ва артиши 16 ҳазорнафариро ташкил диҳад.
Баҳори 1922 ҳамин гурӯҳи муташаккил Бухорои Шарқиро забт кард. Ин мавҷи ҳаракат то шаҳри Хева густариш пайдо кард. Баъзе аз намояндагони ҳокимияти Шӯроҳо бо Босмачӣ ҳамкорӣ ва мусоидат карданд. Вале мудофеон тавассути гурӯҳҳои дифоъкунандаи деҳқонон, милитсияи ихтиёрӣ ва бо ёрии Артиши Сурх Ҷумҳурии Бухороро аз босмачиён озод карданд. Солҳои 1921-23 дастаҳои босмачиёни Ҳамроқул-қӯрбошӣ дар водии Зарафшон, Лаҳад-Махсум дар волости Қистакӯз, Холбута волости Ӯротеппа, дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек, Эшони Султон, Фузайл Махсум, Раҳмондодхоҳ дар Бухорои Шарқӣ ба муқобили Ҳокимияти Шӯроҳо пайваста мубориза мебурданд. Моҳҳои июн-июли 1922 ба босмачиён дар аксари ҷабҳаҳо зарбаи қатъӣ зада шуд. Баробари шурӯъ шудани ҳаракати Босмачигӣ устод С. Айнӣ ду мақола таҳти унвони «Босмачиёни Фарғона кистанд?» ва «Бо босмачиёни Фарғона чӣ гуна мубориза бояд бурд?» дар саҳифаҳои рӯзномаи тозаташкили «Шуълаи инқилоб» (21 август ва 1 сентябри 1921) чоп карда, моҳияту ҳадафҳои разилонаи ин ҳаракатро дар оғози пайдоишаш муайян ва бо Босмачигӣ чӣ гуна мубориза бурданро қайд намуд. Воқеан ҳам барои мубориза бо Босмачигӣ мардуми ҷумҳурӣ гурӯҳҳои ихтиёрӣ ташкил карда, ҳамроҳ бо гурӯҳҳои тозаи милитсия ва бригадаҳои савораи давлатӣ муборизаро ба муқобили босмачиён шиддат доданд. Душанбе аз босмачиён озод шуд. Анвар-пошо, ки ҳаракати Босмачигиро дар Бухорои Шарқӣ низ роҳбарӣ мекард, дар яке аз даргириҳо дар Балҷувон кушта шуд. Миқдоре аз босмачиён баъди шикаст хурдан ба Афғонистону Хитой ва Эрон паноҳ бурданд. Мубориза ба муқобили Иброҳимбек, ки дастурҳои амири собиқ ва мулозимонашро ба амал мебаровард, аввалҳои соли 1925 шурӯъ шуд. Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ба босмачиён ва сардорони онҳо барои бас кардани муборизаи мусаллаҳона муроҷиатнома қабул кард ва дар навбати худ муборизаро ба муқобили онҳо вусъат бахшид. Аз ҷумла, ҳамаи қувваву воситаҳои мавҷудаи корпуси 13 тирандоз вобаста карда шуд. Дар соҳили чапи дарёи Вахш бригадаи савораи 6 бо марказаш дар Кӯлоб мустақар гардид. Дар Лақай ва ноҳияи Қаротегин дивизияи 3-юми тирандоз бо марказаш дар Ҳисор ва бригадаи савораи 8-ум бо марказаш дар Ҷилликӯли вилояти Курғонтеппа амал мекард. Дар Кӯлоб бо сардории А. Ёрмуҳаммадову Ш. Шотемур гурӯҳҳои ихтиёрии нав ташкил гардиданд.
Дар марҳалаи дуввуми мубориза бо босмачиён, ки хусусияти ҳамоҳангкунии қувваҳоро дошт, Ч. Имомов, Б. Б. Толпиго, Лепин ва дигар иштирок намуданд. Баъди баромадани муроҷиатнома бисёр босмачиёну қӯрбошиён ихтиёран таслим мешуданд. 23 июни 1931 Иброҳимбек ҳангоми гузаштан аз дарёи Кофарниҳон дар деҳаи Хоҷабулбулон дастгир шуд.
Солҳои 1929-30 босмачиён аз хориҷ ба ҳудуди Осиёи Миёна зада даромаданд, вале пеши роҳи онҳо гирифта шуд. Босмачиён тарғибгарони аҳолиро ба тарафи худ мекашиданд ва дар сурати муқобилат аз онҳо интиқом мегирифтанд. Дар мубориза ба муқобили босмачиён ва торумор намудани онҳо сарлашкарони Артиши Сурх С. С Каменев, С. М. Будённий, Н. Ф. Федко ва дигарон, ҳамчунин А. Раҳимбоев. Ҷ. Зокиров, Ҳ. Усмонов, Муқим Султон, Абдулло Ёрмуҳаммадов. Бобохон Ҳамдамов ва дигарон фаъол буданд.
Адабиёт: Гражданская война. Т. 3. (материалы по истории ферганского басмачества и боевых операций в Бухаре). Москва, 1924; Баҳрушин С. В. История народов Узбекистана. Ташкент. 1947; Айнӣ С. Бухара. Вспоминания. Сталинабад. 1954; В боях за советскую власть в Ферганском долине. Ташкент. 1957; Иркаев М. История гражданской войны в Таджикистане. Душанбе. 1963; Бартолд В. В. Коканд: Соч. Т. 3. Москва. 1965; История Бухарской и Хорезмской советских республик. Москва 1971; Поляков Ю. А., Чугунов А. И. Конец басмачества. Москва, 1976; Иноятов X. Ш. Победа советской власти в Туркестане. Москва, 1978; Шумов С. А., Андреев А. Р. Басмачество. Москва, 2005.
М. Хазратқулов.