БОСМА, навъи нақши чопӣ дар санъати ороишию амалӣ. Усули Босма дар гулпартоии матоъ васеъ истифода мешавад. Мизробӣ, дароз, донача, зирадӯзӣ, даврапоя ва ғайра навъҳои маъмултарини усули Босма ҳисоб меёбанд. Босмаро дар кулолӣ низ ба кор мебаранд. Барои ороиш кулол аввал дар чубу резина нусхаҳои гулро меканад. Ба воситаи ин муҳраҳо навъҳои гуногуни нақш – дойра, ситораҳои бисёргӯша, нуқта ва дигар шаклу нусхаҳои ҳандасӣ сабт мешуданд. Дар замонҳои қадим нақшҳои тарҳи сабзавот: турбу сабзӣ, каду ва ғайра дар кулолӣ вуҷуд дошт.
X. Умаров.