Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОШӢ

БОШӢ

boshiБОШӢ, пасванди баъзе исмҳо, ки аз истилоҳи туркии бош ба маънии сар ва бандаки нисбӣ таркиб ёфта, беш­тар маънии сардор, фармондеҳ ва сарварро ифода меку­над. Пас аз истилои муғул дар қатори дигар истилоҳоти туркӣ Бошӣ ҳамчун ҷузъи таркиби унвони шуғл, рутба ва мансаби дарборӣ ба забони форсӣ ворид гардид. Аммо корбурди Бошӣ дар замони ҳукумати Сафавиён, Қоҷорҳо (дар Эрон) ва Манғитиён (дар Мовароуннаҳр) вусъат ёфта, мансабҳои дарборие чун қӯрбошӣ, эшикоғобошӣ, қӯрчибошӣ, мирзобошӣ, обдорбошӣ, ошпазбошӣ, аслиҳадорбошӣ, амирохурбошӣ, амиршикорбошӣ, анбордорбошӣ, боғбонбошӣ, туфангдорбошӣ, тӯпчибошӣ, чароғдорбошӣ, тушмолбошӣ, ходимбошӣ, хоҷабошӣ, суфрачибошӣ, шотирбошӣ, шаробчибошӣ, саррофбошӣ, заробибошӣ, фаррошбошӣ, филбонбошӣ, қӯшчибошӣ, мутаваллибошӣ, меъморбошӣ, машъалдорбошӣ, муллобошӣ, мунаҷҷимбошӣ, меҳмондорбошӣ, муншибошӣ, юзбошӣ, эликбошӣ ва мингбошӣ вуҷуд доштанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …