Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОРШАГОВСКИЙ Александр Михайлович

БОРШАГОВСКИЙ Александр Михайлович

borshargovskiyБОРШАГОВСКИЙ Александр Михайлович (14.10.1913, ноҳияи Белая Серкови Украина – 4.5.2006, Маскав), шоир, адабиётшиноси рус. Хатмкардаи Институти театршиносии Киев (1935). Фаъолияти адабиаш аз соли 1933 оғоз ёфтааст. Нахустин асари бадеии мансураш (романи таърихии «Парчами Руссия») соли 1953 ба табъ расид. Баъдан роману повестҳо, осори адабиётшиноси дар мавзӯъҳои давраи шӯравӣ нигоштааст. Муаллифи пйесахо, киносенарияҳо мебошад. Филми «Се сафедор дар Плюшиха» (1967), ки аз рӯйи сенарияи навиштаи ӯ ба навор гирифта шуда буд, шуҳрат дошт. Боршаговский дар тарғиби адабиёти шӯравии тоҷик хидмати арзанда кардаст. Ӯ бо пешгуфторҳо «Дар он дунё»-и Ф. Муҳаммадиев, романи «Восеъ»-и С. Улуғзода ва ғайраро ба хонандаи рус муаррифӣ кардааст. Повести «Варта» ва якчанд ҳикояи Ф. Муҳаммадиевро ба забони русӣ гардондааст. Муаллифи мақолаҳо оид ба вазъи адабии солҳои 60-80 асри 20 тоҷик ме¬бошад, ки дар матбуоти марказии шӯравӣ ба табъ расидаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …