Маълумоти охирин

БОРӢ

nomi-khudovandБОРӢ, ал-Борӣ (арабӣ – созанда, офаранда ва офаридгор), яке аз номҳои Худованд. Вожаи Борӣ дар Қуръон се бор (ду бор дар сураи Бақара, ояти 54 ва як бор дар сураи Ҳашр, ояти 24) ва дар суннати набавӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ омадааст. Ихтилофи назари муфассирон дар маънои он аз ирҷои калима ба яке аз ду решаи масдари баро (ноқиси йоӣ) ва бараа (маҳмузу-л-лом) маншаъ гирифтааст, ки аввалӣ дар Қуръон ба маънои офаридан ва аз адам (нестӣ) ба вуҷуд овардан ва дуввумӣ ба маънои сохтан ба кор рафтааст. Баъзе муфассирон дар маънои онҳо чандон фарқ нагузошта, ҳар ду калимаро ба маънои муштараки офаридан донистаанд. Калимаи барийя 7(Қуръон: 98:6,7) аз назари баъзе муфассирон асли йоӣ дониста шуда, ба маънои офарида ва махлуқ ва калимаи набраа дар ояти 22 сураи Ҳадид маҳмузу-л-лом ба маънои сохтан – ба вуҷуд овардан ва шакли ҳастӣ бахшидан аст, ки дар ин сурат ба маънои фотир аст, на ба маънои холиқ. Калимаҳои ҳамрешае бо Борӣ бароат ва барӣ ба маънои пок ва барӣ будан низ дар Қуръон (9: 1; 6;: 19, 78; 8:48; 9:3; 10:41; 11:35, 54; 26:216; 59:16) ба кор рафтааст, ки ба маънои Борӣ дахле надоранд. Борӣ ба маънои аввал – офаранда тобиши дигаре аз калимаи холиқ (офаридгор) – номи дигари Худованд бу­да, дар ояти 24 сураи Ҳашр (Ӯст Худои офаридгор) бавуҷудоранда (ва) суратбахш ва ба маънои дуюм: (Ӯст Ху­дои офаридгор) созанда (ва) суратбахш тафсир мешавад.

А. Боқизода.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …