Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОРДОРШАВӢ

БОРДОРШАВӢ

zigotaБОРДОРШАВӢ, омехта гаштани ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина ва модинаи рустанӣ, ҳайвонот ва одам, ки дар натиҷа зигота ҳосил мешавад.

Моҳияти Бордоршавии ҳайвонотро бори нахуст файласуфон-табиатшиносон ва табибони қадими Ҳиндустон, Хитой, Юнон ва Рум шарҳ додаанд. Бордоршавии ҳайвонот дар тухмроҳа ба амал меояд. Нутфа дар дохили узви ҷинсии модина 18-20 соат қобилияти ҳаракаташро нигоҳ медорад. Дар парандаҳо низ Бордоршавӣ дар тухмроҳа ба вуқӯъ мепайвандад. Нутфа дар ҳуҷайраҳои махсус – «лонаҳо» ғун шуда, ҳангоми ихроҷи навбатӣ тухмро то ҳосил шудани пардаи сафеда бордор мекунад. Дар ин ҳуҷайрахо нутфа қобилияти ҳаётиашро дуру дароз (масалан, дар ғоз 1-2, мурғобӣ 2-3, мурғ ва мурғи марҷон 5-6 ҳафта) нигоҳ медорад. Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ҳайвони модина нутфаи ҳайвони наринаро қабул мекунад. Нутфа ва ҳуҷайратухм дар ҷараёни ферментатсияи мураккаб омехта мешаванд. Дар ин маврид ферменти гиалуранидаза фаъол шуда, пардаи ҳуҷайратухмро ҳал мекунад. Ибтидои Бордоршавӣ аз дохил гаштани нутфа (ҳамаи нутфа ё сару гардани он) ба ҳуҷайратухм оғоз меёбад. Сипас ҳаста (ядро)-и нарина ва ҳуҷайраи ҷинсии модина ба ҳам омехта мешаванд. Дар натиҷаи табаддулоти физикию кимиёӣ ҳуҷайратухм бо пардае иҳота мешавад, ки он садди дохил шудани нутфаҳои дигар мегардад. Дар аксар ҳайвонот баъзан ба ҳуҷайратухм чанд нутфаи дигар ҳам роҳ меёбад, вале фақат хастаи яке аз онҳо ба ҳастаи ҳуҷайратухм омехта, ҳастаи дигар нутфаҳо маҳв мешаванд.

Бордоршавии рустанӣ масъалаи умдаи эмбриологияи руста­нӣ ба шумор меравад. Таърихи таҳқиқи Бордоршавӣ дар рустаниҳо ба омӯзиши масъалаи ҷинси онҳо вобаста аст. Дар олами наботот Бордоршавӣ ба таври гуногун (масалан, изогамӣ, гетерогамӣ, оогамӣ) сурат мегирад. Изогамия дар рустаниҳои дараҷаи паст мушоҳида мешавад. Моҳияти изогамия аз он иборат аст, ки гаметаҳои нарина ва модина (бо қамчинак ҳаракат мекунанд) зоҳиран ба ҳам монанд бошанд ҳам, аз ҷиҳати физиологӣ фарқ доранд. Ҳангоми гетерогамия гаметаҳои наринаву модина бо андоза ва ҳаракат фарқ мекунанд. Гаметаи модина нисбатан калон ва камҳаракат аст. Изогамия низ ба рустаниҳои дараҷаи паст хос мебошад. Дар аснои оогамия гаметаҳо аз ҷиҳати морфо­логия, андоза ва ҳаракат фарқ доранд. Оогамия дар рустаниҳои дараҷаи паст ва олиташаккул мушоҳида мешавад. Гаметаи модина (ҳуҷайратухм) дар рустаниҳои дараҷаи паст дар дохили оогамия, дар рустаниҳои спорадори олиташаккул ва лучтухмҳо дар архегония ва дар рустаниҳои гулдор дар ҷанинхалта ба вуҷуд меояд. Гаметаҳои нарина (сперматозоид) дар рустаниҳои спорадори дараҷаи паст ва олиташаккул дар антеридийҳо ҳосил мешаванд. Гаметаи наринаи рустаниҳои лучтухм бе қамчинак аст (дар гарднайча ба вуҷуд меояд). Дар бактерияҳо Бордоршавӣ муддати мадид номаълум буд. Соли 1946 дар қаламчамикроби руда мавҷудияти конъюгатсияи ҷинсӣ ошкор гашт. Дар аксари обсабзҳо (ғайри обсабзҳои кабуду сабз) Бордоршавӣ бо тарзи гуногун сурат мегирад. Дар натиҷаи Бордоршавӣ зигота ва аз он спорофит ҳосил мешавад. Бордоршавӣи занбуруғҳои дараҷаи паст ва олиташаккул аз ҳамдигар фарқ дорад. Дар занбуруғҳои олиташаккул раванди ҷинсии гаметангиогамия, соматогамия, автогамия ба мушоҳида мерасад. Дар рустаниҳои лучтухм ва пӯшидатухм Бордоршавӣ дар натиҷаи гардолуд шудан ба амал меояд. Рустаниҳои пӯшидатухм гул ва мева ҳосил мекунанд. Нигар низ Ҳомилагӣ.

Адабиёт: Дрофман В. А. Физико-химические основы оплодтворения Москва, 1963; Модилевский Я. С. Цитоэмбриология высших растении. Киев, 1963; Гинзбург А. С. Закономерности оплодотворения у жи­вотных. Москва, 1977; Петросова Р. А. Биология: размножение организ­мов. Москва, 2003.                           

   С. Юнусов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …