Маълумоти охирин

БОРБАД

borbadБОРБАД, деҳа дар ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон. Аз Борбад то маркази ноҳия 48 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 440 нафар (2013). Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби деҳаи Ҳаёти Нав таҳсил ме­кунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш тариқи наҳри Шохаи Рост обёри мешаванд. Борбад аз аввал дашти беобу беодам буд. Баъди кандани наҳри Вахш (соли 1966) заминҳо обёрӣ шуда, аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ деҳа дар ҳайати колхози ба номи Максим Горкийи ноҳияи Бохтар ташкил шуд, ки мардумаш асосан ғалла мекоштанд. Айни замон дар Борбад хоҷагии деҳқонии «Асадулло» фаъолият дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …