Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНКДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

БОНКДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

nas-bank«БОНКДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН», маҷаллаи иттилоотӣ-бонкии Бонкӣ миллии Тоҷикистон. Аз августи 1996 то соли 2008 бо номи «Ахбори Бонкӣ миллии Тоҷикис­тон» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешуд. Аз августи 2009 ба забони тоҷикӣ бо ин ном ба табъ мерасад. Дар саҳифаҳои «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» бештар матолиби марбут ба низоми бон­кӣ ва фаъолияти бонкҳо, навидҳои низому мушкилот ва рушду тараққиёти ин соҳа чоп мешаванд. Фаъолияти «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» ба татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонкӣ миллии Тоҷикистон, таҳкиму побарҷо будани қурби пули миллӣ ва таблиғи навгониҳои иқтисоди бозоргонӣ равона шудааст.

Маҷалла дар баробари навгониҳои бонкии кишвар аз фа­ъолияти бонкҳои давлатҳои ИДМ ва Амрикову Иттиҳоди Аврупо, таърихи бонкҳову дигар масоили марбут ба ни­зоми бонкдорӣ низ матолиб ба табъ мерасонад. Адали нашраш 500 нусха (2013).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …