Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОНИТИРОВКА

БОНИТИРОВКА

bonitirovkaБОНИТИРОВКА (аз лотинӣ bonitas – хушсифатӣ), 1) баҳодиҳии қиёсию сифатӣ ба хок чун воситаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ. Бонитировка бо нишондодҳои миқдорӣ ифода ёфта, асоси онро хосияти хок ва дараҷаи ҳосилхезӣ ташкил медиҳад. Ҳангоми Бонитировка хосияти хок (ғафсии қабати гумус, ғурӯшанокӣ, порухок, моддаҳои ғизоӣ, карбонатҳо, реаксияи муҳит, хосиятҳои физикӣ, шӯрӣ, намнокӣ), ки ба ҳосилнокии рустаиӣ мувофиқат мекунад, ба ҳисоб гирифта мешавад. Бонитировкаро ба умумӣ, миёна (барои рустаниҳои асосии ноҳияи мазкур) ва ҷузъӣ (барои баъзе рустаниҳо ё гурӯҳи онҳо) ҷудо мекунанд. Ҷадвали Бонитировкаи хок дар пажӯҳишгоҳҳо барои ҳар кадом ноҳия тартиб дода мешавад. Бонитировкаи хок бояд миқдору сифати ҳосилро ифода намояд. Бонитировкаи хокро муассисаҳои лоиҳакашӣ дар асоси маълумоти суратгирӣ ва навъи дарахтони мева, синну сол, зичӣ ё сиракии онҳо амалӣ месозанд. Ҳамаи навъҳои хоке, ки дар қитъаи боғ ё киштзор мавҷуд аст, Бонитировка карда мешаванд. Ҳангоми Бонитировка аз рӯйи тақсимот (токзор, боғ, қитъа, карта) балли миёнаро муайян мекунанд. Сипас дар асоси ҳисоби ҳар кадом хоҷагӣ харитаи Бонитировкаи хок тартиб дода мешавад. Дар он ҳудуди боғ, қитъа ва карта акс меёбад.

Хоки ноҳияҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳосилхезӣ ва ис­тифода на фақат дар минтақаҳои гуногун, балки дар худи ҳамон як баландии мавзеъ низ куллан фарқ мекунад. Дар ҷумҳурӣ барои муқаррар сохтани қимати амалии хок формулаи Бонитировкаи сеузваро истифода мебаранд. Нақшаи шартии ҷойгирии нишондодҳо дар ФБХ (формулаи бонитировкаи хок) чунин аст:

Узви якуми ФБХ (1; 2; 3; 4) дараҷаи иқлимии Бонитировкаи хок (ДИБ), узви дуввум (5) релйеф, севвум (6; 7) сифати хок, таркиби моддаҳо ва мураккабии тадбирҳои мелиоратсия (8)-ро нишон медиҳад. Ба хоки ҳар як ДИБ, ки аз нигоҳи илмӣ камбуд надорад (хоки намунавӣ), 100 балл баҳо гузошта мешавад. Вобаста ба ҷиҳатҳои манфии хок, ки боиси паст шудани ҳосил мегардад, баллҳоро паст мефароранд.

2) Баҳодиҳӣ ба ҳайвонот аз рӯйи зот, ҳосил, насловарӣ ва сифати насл. Бонитировка ҳамчун чорабинии ҳатмии зоотехникӣ дар Тоҷикистон аз солҳои 40 асри 20 оғоз ёфта, онро дар ҳамаи хоҷагиҳо, фермаҳои зотпарварию молӣ ба роҳ мемонанд. Бонитировкаи ҳайвонотро зоотехник бо иштироки байтор ё фелдшер, мудири ферма, бригадирон ва дигар кормандони фермаҳои чорводорӣ ба иҷро мерасонад. Чорвои калонро аз рӯйи пайдоиши зот, вазни зинда, ҳосил, қобилияти таҷдид, сифати зот, ҷавонаҳоро аз рӯйи пайдоиши зот ва вазни зинда Бонитировка мекунанд. Дар хоҷагиҳо гов, барзагов ва ҷавонаро аз 6-моҳагӣ, модахук, нархук ва ҷавонаҳои эҳтиётиро аз 2-моҳагӣ, мешу тагал ва барраи маҳинпашмро аз 1-солагӣ, барраи зоти қарокӯлиро аз 1 то 3-рӯзагӣ, аспро аз 2-солагӣ, парандаро аз 1-солагӣ, чӯҷа ва мурғи марҷонро аз 2 ва мурғобию ғозро аз 3-моҳагӣ Бонитировка мекунанд. Бонитировкаи чорвои калон ва моли майдаро, одатан, баҳорон (май) ва аввали тирамоҳ (август-сентябр) ба роҳ мемонанд. Баҳодиҳӣ ба ҷинсу зоти ҳайвонот барои муқаррар намудани зот, хусусият ва сифатҳои ирсии чорво имкон медиҳад. Ба чорвои калон аз рӯйи ҷадвали 100-баллӣ, ҷавонаҳо аз рӯйи ҷадвали 5-баллӣ баҳо гузошта мешавад. Бо мақсади баҳо гузоштан ба вазни зиндаи чор­вои калон ва моли майда онҳоро бар мекашанд ё қадашонро чену вазнашонро муайян мекунанд. Чорвои вазнаш зиёд пурхӯр, фарбеҳ ва сермаҳсул мешавад. Ба ҳосили говҳои зоти ширдеҳ ва гӯшту ширдеҳ аз рӯйи дӯшиши шир дар тӯли 300 рӯзи ширдиҳӣ, миқдори равған ва сафедаи шир баҳо мегузоранд. Ба зоти говҳое, ки бештар шир медиҳанд ва миқдори равғану сафедаи шири онҳо бисёртар аст, баҳои аз ҳама баланд гузошта мешавад. Ба маҳсули шири говҳои зотии сергӯшт дар асоси вазни зин­даи ҷавонаҳои 6-моҳа баҳо медиҳанд. Маҳсули гусфандони зоти маҳинпашму ниммаҳинпашм аз рӯйи миқдору сифати пашм ва равғаннокии он, маҳсули гусфандони зоти қарокӯлӣ аз рӯйи сифати пусти барраҳои навзод ва рангу тобиши он баҳогузорӣ мешавад. Ба гусфандони зо­ти гӯшту пашмдеҳ ва гӯшту равғандеҳ аз рӯйи сифати гӯшту пашм ва дунбаи онҳо баҳо мегузоранд. Коршоямии аспҳо аз рӯйи гашт (аспҳои саворӣ ва резачорпо) ва суръати дави онҳо ба масофаи муайян арзёбӣ мешавад; аспҳои зоти боркашро аз рӯйи вазни бор ва суръати ҳаракат муайян мекунанд. Ҳангоми баҳогузорӣ ба мурғони гӯшту тухмдеҳ серпуштӣ ва вазни тухмро ба эътибор мегиранд. Ба сертухмии мурғон аз рӯйи миқдори умумии тухми солҳои 1, 2 ва 3, ба мурғобӣ, қоз ва мурғи марҷон аз рӯйи миқдори умумии тухми яксола баҳо мегузоранд. Барои муайян кардани вазни миёнаи тухм 10 дона тухми мурғи яксола ва 10 дона тухми мурғи 2-3-сола (тухмҳое, ки моҳи март зоида шудаанд)-ро бармекашанд. Қобилияти таҷдиди чорворо дар асоси маълумоти баҳисобгирии зоотехникӣ ва ветеринарӣ (саршумори говҳои қисир) муайян мекунанд. Қобилияти наслдиҳии буққаро аз рӯйи миқдори нутфа ва сифати он аниқ менамоянд. Ба сифатҳхои ирсии чорво аз рӯйи нишонаҳои насли он баҳо гу­зошта мешавад. Маълумоти ҳайвонеро, ки Бонитировка шудааст, ба ведомост дохил мекунанд. Натиҷаи Бонитировкаи ҳайвонот дар санади махсус дарҷ ва бо маводди солҳои пешина муқоиса карда мешавад. Дар асоси Бонитировка доир ба афзун гардидани маҳсул ва беҳтар намудани зоти ҳайвонот, таҷдиди ғала, рама ва подаи зотӣ, хариду фурӯши чорво, ҷуфтикунонӣ, ҳифзи чорво аз касапиҳо ва ғайра тадбирҳо меандешанд, ба­рои ба Китоби давлатии ҳайвоноти зотӣ дохил намудани беҳтарин намунаҳои ҳайвонот ҳуҷҷат тартиб медиҳанд.

Адабиёт: Борисенко Е. Я. Разведение сельскохозяйственных живот­ных. Москва, 1967; Гаврилюк Ф. Н. Бонитировка почв, Москва, 1970; Бонити­ровка почв Таджикистана. Душанбе, 1974; Афанасьев В. А., Романов Е. С., Никишов А. А. Методические рекомендации к практическим заня­тиям по бонитировке крупного рогатого скота. Москва, 2000.

С. Сангинов. Ф. Икромов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …