Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНИТЕТИ БЕША

БОНИТЕТИ БЕША

bonitasБОНИТЕТИ БЕША (аз олмонии bonitat, лотинӣ bonitas – хушсифатӣ, хушсифат будан), нишондоди маҳсулнокии беша, ки ба муҳити иқлиму хок вобастагӣ дорад. Бонитети бешаро аз рӯйи баландии миёнаи дарахтон муайян мекунанд, ки барои бозрасии хоҷагӣ ва ташкилу танзими хоҷагии ҷангал муҳим аст. Ҷадвали ба бонитет ҷудо кардани дарахтзорро аввалин бор олими рус М. М. Орлов (1911) пешниҳод кардааст. Аз рӯйи ҷадвали ӯ дарахтзорро ба 5 гурӯҳи бонитет ҷудо мекунанд: асосӣ (I-V) ва иловагӣ (Iа, Vа, Vб ва ғайра). Дарахтзори пурмаҳсул ба гурӯҳи 1а, дарахтзори ҳосилаш паст ба гурӯҳи Vб мансуб аст. Барои бонитети бешаҳое, ки аз тухм ва бехҷаст сабзидаанд, ҷадвалҳои алоҳида тартиб дода мешавад. Қади дарахт ҳар қадар баланд бошад, маҳсули он ҳамон қадар меафзояд. Барои дарахтзори хеле сермаҳсул Бонитети бешаи Vб ва Vв мувофиқ аст. Муқоисаи бешазор аз рӯйи нишондоди баландӣ барои дарахтзори ҳамсол (синну соли баробар) пешбинӣ шуда­аст. Аз ин рӯ, ҳангоми аз рӯйи баландӣ муайян кардани Бонитети бешаи дарахтзори синну соли гуногун мумкин аст саҳв роҳ ёбад. Бонитети беша барои ташкил ва танзими хоҷагиҳои ҷангал зарур мебошад.

Адабиёт.: Агрохин В. Г., Солодухин Е. Д. Лесная хрестоматия. Москва, 1988; Справочная книга лесника. Москва, 1989; Сенов С. Н. Лесоведение и лесоводство. Москва, 2005.                             

         К. Неъматҷонова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …