Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЛШАКОВ Олег Георгиевич

БОЛШАКОВ Олег Георгиевич

bolshakovБОЛШАКОВ Олег Георгиевич (таваллуд 3.06.1929, шаҳри Твер), шарқшинос ва таърихнигори рус, доктори илмҳои таърих (1974), профессор (1992). Ходими хидматнишондодаи илми Федератсияи Руссия (1997). Хатмкардаи шуъбаи арабии факултаи забонҳои шарқии Университети давлатии Ленинград (1951). Ҳангоми донишҷӯӣ ва минбаъд дар гурӯҳи бостоншиносони АИ Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳафриёти Панҷакенти Қадим ширкат варзидааст. Баъди хатми Университет ба аспирантураи Эрмитажи давлатӣ дохил шуда, соли 1954 дар мавзӯи «Сафолҳои обёрии Мовароуннаҳр дар асрҳои 8-12 ҳамчун ёдгории таърихӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад. Солҳои 1954-56 ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Эр­митажи давлатӣ буда, бештар ба таҳия ва таснифи маводди таърихию бостоншиносии Осиёи Марказӣ машғул шудааст. Аз декабри 1956 то ок­тябри 1966 х. х. илмии бахши бостоншиносии Осиёи Миёна ва Қафқози Институти таърихи фарҳанги моддӣ буд. Ӯ дар ҷустуҷӯҳои бостоншиносии ҳафриёти Панҷакент ҳамасола ширкат варзида, ба масъалаи шаҳрҳои асримиёнагии мусулмонӣ ҳамчун зуҳӯроти иҷтимоию иқтисодӣ мароқ зоҳир мекунад. Ҳамзамон масъалаи хатти арабӣ ва хаттотиро ҳамчун василаи санъати тасвирӣ дар ҷомеаи асримиёнагии мусулмонӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Солҳои 1961-1962 ва 1962-1963 дар ҳайати гурӯҳи бостоншиносии Шуравӣ дар Нубияи Миср ширкат варзи­да, ҳамзамон дар таҳия ва таҳрири мунтахаботи дуҷилдаи Б. В. Бартолд саҳми арзанда мегузорад, ки ин равияи таҳқиқоти минбаъдаро дар ҷодаи арабшиносӣ барояш мекушояд. Соли 1966 Болшаков ба дастаи арабшиносии шуъбаи ленинградии Институти халқҳои Осиёи АИ ИҶШС ба кор гузашта, аз соли 1969 таҳқиқоти илмии «Шаҳрҳои асрими­ёнагии Шарқи Наздик дар асри 7 то аҳди истилои муғул»-ро ба анҷом мерасонад. Соли 1974 дар мавзӯи «Шаҳрҳои Осиёи Миёна дар охири асри 8 – ибтидои асри 13» рисолаи докторӣ ҳимоя карда, ин мавзӯъро пайваста идома ва такмил медод. Натиҷаи ниҳоии ин таҳқиқот ри­солаи «Шаҳрҳои асримиёнагии Шарқи Наздик дар асри 7 – нимаи асри 13. Робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ» гардид, ки дар он ривоҷи шаҳрсозӣ, ҳудуди афзоиши шаҳрҳо, шумораи аҳолӣ ва дигар омилҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо шаҳрҳои Аврупои Ғарбӣ оварда шудааст. Болшаков аз соли 1948 дар ҳафриётҳои бостоншиносии Панҷакенти Қадим бо роҳбарии А. Ю. Якубовский, М. М. Дяконов ва А. М. Беленитский ширкат варзидааст. Ӯ вобаста ба шаҳристони Панҷакенти Қадим ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ як қатор мақолаву асарҳои илмӣ навиштааст, ки дар онҳо оид ба таърихи фарҳанги моддӣ ва санъати қадимии халқи тоҷик андешаҳои ҷолибу хотирмон меорад. Саҳми Болшаков дар омӯзиши таърихи густариши ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр, ташаккули ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳанги шаҳрсозӣ ва санъати халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон дар асрҳои миёна, хеле бузург аст. Тайи солҳои 1969-80 дар ҳафриёти бостоншиносии Ироқ шир­кат варзидааст. Болшаков ҳамчунин ба омӯзиши таърихи ислом рӯ оварда, таҳқиқи пайдоиши давлатҳои мусулмониро дар китоби чорҷилдаи «Таърихи хилофат» ба анҷом расонидааст, ки асосан аҳди давлатдории хулафои рошидинро фаро мегирад. Солҳои 1987-1990 дар ҳайати ҷустуҷӯйии бостоншиносони Шуравӣ дар Ироқ саҳми сазовор гузошта, дар чандин донишгоҳи олӣ курсҳои махсуси таърихшиносии арабро дарс медиҳад ва ба корҳои илмии унвонҷӯён сарварӣ мекунад. Аз соли 1986 ходими илмӣ ва аз майи 1996 х. к. илмии шуъбаи ленинградии Институти шарқшиносии АИ Федератсияи Руссия. Дорандаи Мукофоти давлатии Федератсияи Руссия дар соҳаи илм ва тех­ника (2002). Бо Ордени «Дустӣ»-и Тоҷикистон (2000) сарфароз гардидааст.

Осор: Беленицкий А. Москва, Бентович И. Б., Большаков О. Г. Средневековый город Средней Азии. Москва, 1973; Город Средней Азии в кон­це VII-начале XIII вв. Автореферат докторской диссертации. Л., 1974; Очерки истории арабской культуры. VXV вв./ Пер. на араб­ский язык. Москва, 1989; История Халифата. Т. 1. Ислам в Аравии. 570-633. Москва, 1989; История Халифата. Т. II . Эпоха великих завоеваний. 633-656. Москва, 1993; История Халифата Т. III. Между двух гражданских войн. 656-696. Москва, 1998; История Халифата. Т. IV. Москва, 2010; Средневековый город Ближнего Востока VII-середина XIII в. Социально-экономические отношения. Москва, 2001.

Б. Абдураҳмон.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …