БОҚИЕВ Махсуд Иноятуллоевич (таваллуд 20.10. 1954, Хуҷанд), муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (2000), профессор (2002), академики Академияи байналмилалии антропологияи интегративӣ (2002) ва Академияи омузгории Федератсияи Руссия (2003). Ёвари муовини аввали раиси Комиҷроияи вилояти Ленинобод (1978-89), дотсенти Донишгоҳи давлатии омузгории Ленинобод (ДДОЛ; 1989-92), мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва Маркази илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1992-97), ноиби директори филиали Донишгоҳи муосири Маскав дар шаҳри Хуҷанд (1998-2001), директори филиали Донишгоҳи нави Руссия дар Тоҷикистон (2001-09), директори донишгоҳи мазкур дар Қирғизистон (аз 2009 то ҳоло). Асосан ба таҳқиқи масоили ҷунбишҳои маорифпарварӣ ва озодандешии мардуми Осиёи Марказӣ ва равшанфикрони Хуҷанд дар охири асри 19 – ибтидои асри 20 машғул буда, бештар аз 50 асару мақола ба табъ расонидааст.
Осор: Общественно-политическая мысль и идейная борьба в Туркестане в конце 19-нач 20 в. Душанбе, 1992; История и художественный образ. Xуҷанд, 1997; Из истории вольнодумия народов центральной Азии. Xуҷанд, 2003; Фитрат – таджикский просветитель. Xуҷанд, 2005.
М. Ғозиева.