Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИЕВ Абдуқаҳҳор

БОҚИЕВ Абдуқаҳҳор

imagesБОҚИЕВ Абдуқаҳҳор (1895, Хуҷанд – 1940, Ленинобод), ширкатдори фаъоли барпокунии ҳокимияти Шӯравӣ дар Туркистон ва Хуҷанд. Аъзои ҳизби коммунистӣ аз соли 1928. Боқиев яке аз нахустин касонест, ки соли 1917 ихтиёран ба сафи Гвардияи Сурхи Хуҷанд дохил шуд. Солҳои 1918-19 ҷанговари отряди ихтиёрии Туркистон дар Самарқанд буд ва барои саркӯб намудани ошӯби дастаҳои Осипов (1918) ширкат варзидааст. Солҳои 1919-32 сарбози отряди савораи милитсияи Хуҷанд ва милитсионери дастаи Милитсияи Сурх. Соли 1931 дар торумор ва саркӯб намудани дастаҳои босмачиёни Бобоҳоҷӣ ва Бегиш дар музофоти Ашт корнамоиҳо карда­аст. Раиси колхози ба номи Шадунс дар ноҳияи Хуҷанд (1939-40). Бо Ордени Сурхи Меҳнати РСС Ӯзбекистон (1925) қадрдонӣ шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …