Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚӢ ибни Муҳаммад ибни Юсуф

БОҚӢ ибни Муҳаммад ибни Юсуф

imagesБОҚӢ ибни Муҳаммад ибни Юсуф, кандакор, хаттот ва шоири тоҷик (охири асри 15 – аввали асри 16). Аз деҳаи Оббурдани Кӯҳистони Мастчоҳ. Панҷ катибаи ӯ аз деҳаи Оббурдан ва сетояш аз деҳаи Ревомутки Кӯҳис­тони Мастчоҳ ёфт шудаанд. Катибаҳо оид ба аҳволу зиндагии ӯ маълумот медиҳанд. Боқӣ барои катибаҳои санги мазор низ худ шеър менавишт. Абёти зер намунаи эҷоди ӯст:

Дар ҳар чамане лолаву варде хезад,

Дар ҳар фасле зи шоҳ барде хезад.

Лекин ду ҳазор сол бояд бишумурд.

То дар сафи мардон чу ту марде хезад.

Дар катибаи дигари Боқӣ, ки дар санги фасони рӯйи қабри Бика Султон ном зан аз қабристони Таги Мазори деҳаи Ревомутк пайдо шуд, чунин абёт кандакорӣ шудаанд:

Кош он руз, ки дар пои ту шуд хори аҷал,

Дасти гетӣ бизадӣ теғи ҳалокам бар сар,

То дар ин мулки ҷаҳон бе ту надидӣ чашмам,

Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар сар.

Боқӣ дар нигориши анвои хат сабку услуби хос доштааст. Ӯ катибаҳояшро бештар бо хутути таълиқ, шикаста ва девонӣ кандакорӣ намуда, барои катибаҳояш, одатан сангҳои нисбатан доирашаклро интихоб мекард. Сабк, тарзи навишти Боқӣ дар натиҷаи машқи дурудароз ва омӯхтани услуби хаттотон ва кандакорони пешин такомул ёфт. Дар катибаҳои ӯ хусусан таъсири нигоришоти хаттот ва кан­дакорӣ асри 15 Алоуддин мушоҳида мегардад.

Адабиёт.: Мухторов А. Санг ҳам диле дорад.. Душанбе, 1986; Ҳамон. Эпиграфические памятники Кухистана (XI-XIX). Кн. 1. Душанбе, 1978. А Нуров

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …