БОЙМИРЗОӢ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Саталмуши ноҳияи Балҷувон. Аз Боймирзоӣ то маркази ноҳия 4 км, то вилоят 124 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 205 нафар (2012), тоҷикон. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби деҳаи Саримазор таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз оби чашма ва дарёи Оби Мазор обёрӣ мешаванд.
Tags Деҳа
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …