Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЙҒОЗӢ

БОЙҒОЗӢ

boygoziБОЙҒОЗӢ, гидроузел ва нерӯгоҳи барқи обӣ. Нахустин дар Тоҷикистон иншооти обёрӣ ба тариқи нақб (бо истифодаи нақб). Дар маҳалли ҳамном, дар маҷрои миёнаи дарёи Вахш, дар масофаи 40 км поинтар аз шаҳри Норак бунёд гардидааст. Барои бастани пеши роҳи об кӯҳро тарконда дарғоти 55-метра бунёд кардаанд. Гидроузели Бойғозӣ аз маҷмӯи иншооти гидротехникӣ: дарғоти сангин, шлюзи танзимкунандаи сатҳи об, вурудгоҳи нақб ва обанбор иборат аст. Дарозии нақб 7400 м, қутраш 5,3 м ва қобилияти обгузарониаш 4260 м3/с; тӯли обанбор 22,6 км, бараш 0,5 км ва умқаш 20 м. Баъди бунёдӣ гидроузел дар ҳамин ҷо сохтмони НБО-и иқтидораш 350-500 ҳазор кВт пешбинӣ шуд. 8 декабри 1968 сохтмони НБО оғоз  гардида, 10 январи 1985 агрегати якуми он ба кор даромад. 30 июни 1986 НБО-и Бойғозӣ бо иқтидори 600 Мвт пурра сохта, ба истифода дода шуд (истеҳсоли барқ соле то 2,5 млрд кВт/соат). Дар НБО-и Бойғозӣ солҳои 1985—2012- ум 58,2 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, аз обанбори Бойғозӣ тавассути нақб 40 ҳазор га замини водиҳои Ёвон ва Обикиик обшор мешаванд.

н. Едгорӣ

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …