Маълумоти охирин

БОЯЗИДИ РУМӢ

rumiБОЯЗИДИ РУМӢ номҳои дигараш – Боязид Халифа ибни Абдуллоҳ, Боязиди Дарвеш, Боязиди Сонӣ, шоир ва орифи турк (асри 16). Пас аз омӯзиши улуми мутадовилаи давр ва касби камол ба тасаввуф рӯй овард. Муршидаш Ҷамолуддини Хилватӣ машҳур ба Халифа Чалабӣ буд. Роҳи тариқатро тай намуд ва худ муршид шуд. Пайравони бисёре дошт. Ба сабаби иродаташ ба Боязиди Бастомӣ лақаби Боязиди Сониро гирифта буд. Дар ашъо­раш, ки ба забони содаву равон гуфта шудаанд, ақоиду назариёти тасаввуфиро иброз доштааст. Дар шеър ба вазну қофия кам эътибор додааст. Аз осори Боязиди Румӣ манзумае ба забони туркӣ (5500 байт) бо номи «Сирри ҷонон» мавҷуд аст. Дар ин асар мавзӯъҳои тасаввуф дар таъсири Ибни Арабӣ шарҳу тафсир шудаанд. Нусхаҳои асар дар китобхонаҳои Истанбул мавҷуданд. Асари дигари ӯ «Сиҷанҷалу-л-арвоҳ» дар шарҳу тафсири сураи «Фотиҳа» мебо­шад. Дар ин бобат дар «Кашфу-з-зунун»-и Ҳоҷӣ Халифа, донишномаҳои туркӣ оид ба забону адабиёт ва ислом ит­тилоъ дода шудааст.

Ба қалами ӯ инчунин асарҳои дигаре «Баёну-л-асрор ли-л-аҳрор фӣ баводи-л-Малики-л-Ҷаббори-л-Ғаффор», «Ҳошия бар «Анвору-т-танзил»-и Байзовӣ, «Ҳошия ало «Фусуси-л-ҳикам», «Рисолату-л-вуҷуд», «Шарҳу-н-нусус», «Тури Сино», «Шарҳи «Фусусу-л-ҳикам» тааллуқ доранд. Нусхае аз ин асар дар китобхонаи Сулаймонияи Туркия маҳфуз аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …