Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОҲИРОВ Шокир

БОҲИРОВ Шокир

imagesБОҲИРОВ Шокир (1914, деҳаи Кӯиқозиёни ноҳияи Конибодом 4.10.1987, ҳамон ҷо), агроном, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966). Хатмкардаи техникуми кишоварзии Хуҷанд (1935). Сол­ҳои 1935-37 агрономи МТС-и ноҳияи Курғонтеппа, 193740 ҷонишини директор ва муаллими мактаби такмили ихтисоси роҳбарони колхозҳо, 1940-53 сарагроном ва директори МТС-и Қарақчиқум, 1953-55 раиси комиҷроия, 1955-69 раиси колхози «Ленин­град», 1969-75 раиси кумитаи итгифоқи касабаи кормандони кишоварзии ноҳияи Конибодом буд. Аз соли 1975 нафақагир. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 4 ва 5). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 3 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва грамотаҳои фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …