Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Boeing Commercial Airplanes

Boeing Commercial Airplanes

787 Premier at Everett Factory - July 8, 2007 K64106-11

«БОИНГ», ширкати амрикоӣ, яке аз бузургтарин дар ҷаҳон истеҳсолкунандаи техникаи авиатсионӣ, кайҳонӣ ва ҳарбӣ. Қароргохаш дар шаҳри Чикагои иёлати Иллинойс. Аз ду бахши асосӣ иборат аст: маҳсулоти гражданӣ! (Boeing Commercial Airplanes) ва ҳарбӣ (Integrated Defense Systems). Ширкат ҳамчунин бахшҳои маблағгузории лоиҳаҳо (Boeing Capital Corparation), дастгирии инфрасохторӣ (Shared Services Group) ва коркард, дарёфт ва дар амал истифода намудани технологияи навин (Boeing Engineering, Operations & Technology)-ро дар бар меги­рад. Корҳонаҳои асосии истеҳсолии ширкат дар шаҳрҳои Эверетт (иёлати Вашингтон), Калифорния ва Сент-Луис (иёлати Миссури) ҷойгиранд.

Аввалин тайёраро соли 1916 У. Боинг ва Ҷ. К. Вестервелт сохтаанд. Худи ҳамон сол дар шаҳри Сиэтл У. Боинг ширкати «The Pacific Aero Products Company»-ро ташкил кард, ки соли 1917 номи «Boeing Airplane Company»-ро гирифт. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ «Боинг» тайёраҳои бомбаандоз истеҳсол мекард. Соли 1944 истеҳсоли тайёраҳо моҳе ба 350 адад расид. Дар тули солҳои ҷанг бисёр ширкатҳои авиатсионии ИМА муттаҳид гаштанд. Тайёраҳои бомбаандози «В-17» ва «В-29», ки ширкати «Боинг» ихтироъ карда буд, дар чандин завод сохта мешуданд. Солҳои 50 асри 20 ширкати «Боинг» тайёраҳои бомбаандози нав, масалан, «В-47» («Страточет»), «В-52» («Стратофортесс»)- ро ихтироъ ва истеҳсол кард. Соли 1954 аввалин тайёраи таҷрибавии «Боинг 367-80» ба ҳаво хест, ки минбаъд ба истеҳсоли силсилаи лайнерҳои машҳури «Боинг-700» за­минаи мусоид гузошт.

Ширкати «Боинг» тайёраҳои гражданию ҳарбӣ, техникаи авиатсионию кайҳонӣ, аз ҷумла чархбол истеҳсол меку­над, барномаҳои фарохи кайҳониро рӯи кор меорад (масалан, киштии кайҳонии С8Т-100). Заводҳои ширкат дар 67 мамлакати дунё ҷойгир мебошанд. Ширкати «Боинг» маҳсулоти худро ба 145 давлат мефурӯшад. Маҳсулоти шир­кат: тайёраҳои гражданин «Boeing-377», «Boeing-707», «Boeing-717», «Boeing-727», «Boeing-737», «Boeing-747», «Boeing-757», «Boeing-767», «Boeing-777», «Boeing-787» ва ғайра; тайёраҳои ҳарбии «Boeing СН-47 Chinook», «Boeing ЕА-18 Growler», «Boeing YAL-1»; мушакҳои АGМ-69 SRАМ, АGМ-86. Тайёраҳои «Боинг» дар ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик-Айр» ва «Сомон-Эйр» низ мавҷуданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …