Маълумоти охирин
Главная / Anonymous (страница 22)

Anonymous

Деҳаи САРИЧИНОР

САРИЧИНОР, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҷавонони райони Файзободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Файзобод». Аз Саричинор то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 3 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 335 нафар; (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, китобхона, пункти тиббӣ ва шӯъбаи алоқа дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакорӣ ва чорводорист. Заминҳо …

Муфассал »

Деҳаи САРИЧИНОР (Ваҳдат)

САРИЧИНОР, деҳаест дар Совети қишлоқ Симиганҷи райони Орҷоникидзеободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Орҷоникидзеобод». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 10 километр, то район 5 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 520 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола дорад. Соҳаи, асосии хоҷагӣ сабзавоткорист. Заминҳо аз дарёи Симиганҷ ва канали Роҳатӣ обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи САРИЧАШМА (Файзобод)

САРИЧАШМА, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҷавонони райони Файзободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхои ба номи С. Орҷоникидзе. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ ва район 2 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 310 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ боғдорӣ ва чорводо- рист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи САРИЧАШМА

САРИЧАШМА, деҳаест дар Совети қишлоқ Саричашмаи райони Москва, вилояти Кӯлоб. Территорияи совхози ба номи А. А. Жданов. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 68 километр: роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1525 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, мактаб-интернат ва фермаи говпар- варӣ дорад. Соҳаҳои асосии ҳоҷагӣ …

Муфассал »

Деҳаи САРИЧАШМА (Кӯлоб)

САРИЧАШМА, деҳаест дар Совети қишлоқ Кӯлоби район ва вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози ба номи П. С. Шаталов. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 километр, то район 3 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 970 нафар (1981), тоҷикон. Пункти тиббӣ, ус- тохонаи таъмири техникаи хоҷагии қишлой ва ҳаммом дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ …

Муфассал »

Дарёи САРИСУ

daryo

САРИСУ, дарёест дар вилоятҳои Ҷезқозған ва Қизилӯрдаи Республикаи Советии Сотсиалистии Казоқистон. Тӯлаш 671 километр, масоҳати ҳавзааш 81 6ОО километр 2. Аз якшавии дарёҳои Жаман Сарису ва Жақси Сарису ба вуҷуд меояд. Болообаш аз қисми ҷануби шарқии Талистони Қазоқистон, пойонобаш аз канори ғарбии биёбони Бетпакдала ҷорӣ шуда, дар ҳамин биёбон интиҳо …

Муфассал »

Деҳаи САРИЧАШМА (Восеъ)

САРИЧАШМА, деҳаест дар Совети қишлоқ Пахтакори райони Восеъ, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози ба номи Карл Маркс. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 8 километр, то район 28 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 830 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола, парки мошину тракторҳо ва магазин дорад. Соҳаи асосии хо- ҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз …

Муфассал »

САРИЧА

САРИЧА, мурғест хурдҷусса, ки бисёртар дар лаби обҳо нишаста думҷунбонӣ мекунад. Нигаред,низ Сангобдавак.

Муфассал »

САРИХОНОВ Нурмурод

САРИХОНОВ Нурмурод (1906, деҳаи Кӯктеппа, ҳозира райони Баҳор-ордени Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон— дар фронт 4. 5. 1944. дар назди деҳаи Делакеу, ҳозира райони Новоанени Республикаи Советии Сотсиалистии Молдавия ҳалок гаштааст), нависандаи советии туркман. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Солҳои 1921—26 ходими редаксияи газетаи «Туркманистон». Соли 1929 муҳаррири газетаи «Яш коммунист» …

Муфассал »

Деҳаи САРИСАФЕДХОК

САРИСАФЕДХОК, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҷавонони райони Файзободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози ба номи Г. К. Орҷоникидзе. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ ва район километр 19; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиааш 200 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ҳаштсола, клуб, китобхона ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ боғдорӣ, ғаллакорӣ ва чорво- …

Муфассал »