Маълумоти охирин
Главная / Anonymous (страница 40)

Anonymous

САНОАТИ ЭЛЕКТРОТЕХНИКӢ

elektrotexnika

САНОАТИ ЭЛЕКТРОТЕХНИКӢ, як соҳаи саноатро гӯянд, ки барои истеҳсолот, интиқол ва истифодаи энергияи электр маҳсулоти электротехникӣ истеҳсол мекунад. Солҳои 80 асри 19 пайдо шуда, махсусан дар Германия ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка босуръат тараққӣ ёфт. Дар Россияи тореволютсионӣ охири асри 19 филиали якчанд ширкатҳои хориҷӣ сохта шуд. Ташаккули Саноати электротехникии мамлакати …

Муфассал »

САНОАТИ ШИР

shir

САНОАТИ ШИР, саноати равғану панир ва шир, як соҳаи саноати хӯрокворист, ки корхонаҳои он аз шир маҳсулоти гуногуни ширӣ — равғани ҳайвонот, консерви ширӣ, шири хушк, панир, бринза, яхмос ва ғайра истеҳсол мекунанд. Дар Россияи тореволютсионӣ коркарди шир хусусияти косибӣ дошт. Соли 1913 ҳамагӣ 6898 заводи хурд буд, ки 129 …

Муфассал »

САНОАТИ ЧӮБУ ТАХТА,

chubu-taxta

САНОАТИ ЧӮБУ ТАХТА, як соҳаи саноати ҷангалро гӯянд, ки коркарди механикӣ, химиявию механикӣ ва коркарди дубораи чӯбро ба амал мебарорад ва маснуоти гуногуни чӯбро ҳамчун ашёи хом дар истеҳсолот истифода мебарад. Саноати чӯбу тахта чӯбу тахта, шпаллҳо, фанер, плитачӯб, чӯби чортарош, масолеҳи бинокорӣ, қисмҳои тайёри вагон, автомобил, самолёт, ароба, киштӣ …

Муфассал »

САНОАТИ ЧАРМУ ПОЙАФЗОЛ

poyafzol

САНОАТИ ЧАРМУ ПОЙАФЗОЛ, як соҳаи саноати сабукро гӯянд, ки аз пӯсти ҳайвонот чарми мулоиму сахт ва аз чарми табиию сунъӣ пойафзол, либос, маснуоти сарроҷию чарчинворӣ, қисмҳои мошини бофандагӣ ва ғайра тайёр мекунад. Нимаи дуюми асри 19 дар Саноати чарму пойафзоли мамлакатҳои мутараққӣ усулҳои индустрналии истеҳсолот ҷорӣ шуд. Солҳои 1980—1990 асри …

Муфассал »

САНОАТИ СЕМЕНТ

sement

САНОАТИ СЕМЕНТ, як соҳаи асосии саноати масолеҳи бинокорист, ки навъҳои гуногуни семент истеҳсол мекунад. Семент дар хоҷагии халқ асосан дар истеҳсоли бетон, оҳанубетон, инчунин дар саноати асбесту семент, нефт ва дигар соҳаҳои саноат истифода мешавад. Дар Россия аввалин заводи портланд- семент соли 1839 (Петербург) сохта шуд. Дертар дар Рига (1865—1966), …

Муфассал »

САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ

xurokvori

САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ, маҷмӯи соҳаҳои саноатро гӯянд, ки маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин маснуоти тамоку, атриёту пардозӣ, собун ва маснуоти ҷомашӯӣ мебарорад. Дар Россияи тореволютсионӣ зиёда аз 300 ҳазор корхонаҳои хурди Саноати хӯрокворӣ буданд. Баъди Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр соҳаҳои гуногуни Саноати хӯрокворӣ тараққӣ карданд. Дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ (1929—1940) бисёр корхонаҳои Саноати хӯрокворӣ …

Муфассал »

САНОАТИ ХИМИЯ

ximiya

САНОАТИ ХИМИЯ, як соҳаи саноатн вазнин, ки базаи моддию техникии химиконии хоҷагии халқро таъмии мекунад. Саноати химия аммиак, кислотаҳои минералӣ, ишқорҳо, нуриҳои минералӣ, сода, хлор ва ҳосилаҳои он, газҳои моеъ, пластмасса ва зифтҳои синтезӣ, наху ресмонҳои химиявӣ, масолеҳи рангубору фотохимиявӣ, реактивҳои химиявӣ, маҳсулоти химияи маишӣ ва ғайра истеҳсол мекунад. 3аводҳои …

Муфассал »

САНОАТИ ТРИКОТАЖ

sanoati-sabuk

САНОАТИ ТРИКОТАЖ, як соҳаи саноати бофандагист, ки матоъҳои трикотажӣ, аз ҷумла ҷӯроб, либосҳои трикотажии таг ва рӯ, дастпӯшак, каллапӯш, шарф (гарданпеч) ва дигар маснуоти техникию саноатӣ истеҳсол мекунад. Барои истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ навъҳои гуногуни ресмонҳои пахтагин, пашмин ва нахҳои сиитетикиро истифода мебаранд. Истеҳсоли либосҳои трикотажӣ дар Франсия, Британияи Кабир ва …

Муфассал »

САНОАТИ ТИБ

doru

САНОАТИ ТИБ, як соҳаи саноат, ки дору ва таҷҳизоти техпикии тиббӣ истеҳсол мекунад. Саноати тиб дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР истеҳсоли доруҳои синтезӣ, наботӣ, витаминҳо, давоҳои гормонӣ, антибиотикҳо, моддаҳои хунивазкунанда, матоъҳои захмбандӣ, олот ва лавозимоти гуногуни тиббиро дар бар мегирад. Дар Россия аввалин корхонаҳои истеҳсоли …

Муфассал »