Маълумоти охирин
Главная / Anvar (страница 18)

Anvar

МЕЦ

mec-adams

МЕЦ (Меs), Адам (8. 4. 1869, Фрейбург — дек. 1917), шарқшиноси Щаейцарӣ. Ҳуқуқи илоҳиёт ва забони Шарқро омӯхтааст. Ба ин кор ӯ арабшиноси машҳур Теодор Нёльдеке аз сафараш ба баъзе шаҳрҳои Шарқ ёрӣ кардаанд. Аввал забонҳои сомӣ, баъдтар арабиро аз худ кард. Баъди нашри асари калонаш «Эҳёи ислом» (1922) машҳур …

Муфассал »

МЕХЧАГУЛ

МЕХЧАГУЛ, ниг. Мехак. мехчаобак, як навъ ангуон миёнсолӣ. Селекцияи халқӣ. Асосан дар p-ни Конибодоми РСС Тоҷикистон ва районҳои вил. Фарғонаи РСС Ӯзбекистон парвариш меёбад. Тоқаш тезсабз, 46—45% -и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш миёна, мудаввар, 5-парра, гулаш дуҷинса, хӯшааш миёна ва калони зич, 330—450 г. Донааш калон ва миёна, байзашакл, сершираю ширнӣ, …

Муфассал »

МЕХИКО

mekhiko

МЕХИКО, шаҳр, пойтахти Мексика. Маркази иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании мамлакат. Дар ҷан. кӯҳсори Мексика, дар баландии 2240 м. воқеъ аст. Аҳолиаш 13,9 млн наф. (1977, бо атрофаш). Иқлимаш субтропикӣ. Миёнаи янв. 11,6° С, июль моҳи гармтарин (апр.) 18° С. Миқдори боришоти солона 757 мм. П. п м. Оби нӯшокӣ ҳам …

Муфассал »

МЕХАНИЦИЗМ

mekhanicizm

МЕХАНИЦИЗМ, методи яктарафаи маърифати олам, ки тамоми ҳодисаҳои табиию ҷамъиятиро аз ҳаракати механикӣ маънидод карданӣ мешавад. Имтидоди мантиқии ин ақида моҳиятан ба инкори гуногуншаклии ҳодисоти табиат ва ҷамъият оварда мерасонад. Механицизм асрҳои 17—18, вақте ки механика ягона илми мутараққӣ буд, дар афкори илмию материалистӣ мақому нуфузи калон пайдо кард. Намояндагони …

Муфассал »

МЕХАНИКАИ РЕЛЯТИВИСТӢ

mekhanikai-relyativisti

МЕХАНИКАИ РЕЛЯТИВИСТӢ, як фасли физикаи назариявӣ буда, қонунҳои классикии ҳаракати ҷисмҳо (зарраҳо)-и суръаташон (и) ба суръати нур наздикро меомӯзад. Механикаи релятивистӣ ба назарияи нисбият асос ёфтааст. Муодилаҳои асосии Механикаи релятивистӣ— шакли релятивистии қонуни дуюми Ньютон ва шакли релятивистии қонуни бақои энергияимпульс ба принципи нисбияти Эйнштейн тобеанд. Аз ҷумла, аз қонунҳои …

Муфассал »

МЕХАНИКАИ ОСМОНӢ

mekhanikai-osmoni

МЕХАНИКАИ ОСМОНӢ, як қисми астрономия буда, ҳаракати ҷирмҳои кайҳонӣ, аз ҷумла, ҷирмҳои системаи Офтобро дар асоси қонуни ҷозибаи ҷаҳонӣ меомӯзад. Қисми асосии Механикаи осмонӣ муосирро астродинамика ташкил медиҳад, ки он ҳаракати ҷисмҳои маснуи кайҳониро меомӯзад. Истилоҳи Механикаи осмонӣро аввалин маротиба ба илм П. Лаплас (1796) дохил кардааст. Масъалаҳое, ки ба …

Муфассал »

МЕХАНИКАИ МУҲИТИ ЯКЛУХТ

МЕХАНИКАИ МУҲИТИ ЯКЛУХТ, як фасли механика буда, ҳаракат ва ҳолати мувозинати газ, моеъ ва ҷисмҳои сахти деформацияшавандаро меомӯзад. М. м. я. аз қисмҳои зории иборат аст: гидроаэромеханика, динамикаи газ, назарияи эластикӣ, назарияи пластикӣ ва ғ. Дар М. м. я. сохти молекулавӣ ё атомии модда ба назар гирифта намешавад. Дар он …

Муфассал »

МЕХАНИКАИ КВАНТӢ

mekhanikai-kvanti

МЕХАНИКАИ КВАНТӢ (механикаи мавҷӣ), назарияест, ки тариқи тавсиф ва қонуниятҳои ҳаракати микрозарраҳоро дар майдони берунаи физикӣ муқаррар мекунад; яке аз фаслҳои назарияи квантист. Маҳз Механикаи квантӣ буд, ки зимни тавсиф додани сохти атом но сиришти физикии спектрҳои онҳоро муқаррар кардааст, табиати банди химиявиро ошкор сохтааст, системаи даврии Менделсевро тафсифу тавзеҳ …

Муфассал »

МЕХАНИКАИ ЗАМИН

mekhanikai-zamin

МЕХАНИКАИ ЗАМИН, илмест, ки ҳолати шиддатнокӣ ва деформационии замин, шартҳои мустаҳкамии он, фишороварӣ ба девори бинову иншоот, устувории қабатҳои замин ва ғайраро меомӯзад. Дар Механикаи замин ба сохт ва ҳолати физикии замин вобаста будани хосиятҳои механикӣ тадқиқ карда мешавад. Тавсияҳои Механикаи замин дар лоиҳакашии таҳкурсӣ ва асоси бинову иншоот, сохтмони …

Муфассал »

МЕХАНИКАИ БИНОКОРӢ

mekhanikai-binokori

МЕХАНИКАИ БИНОКОРӢ, илмест дар бораи принцип ва методҳои ҳисобу китоби мустаҳкамӣ, сахтӣ, устуворӣ ва лаппишҳои иншоот. Механикаи бинокорӣ асосан системаҳои милашакли ҳамвор, системаҳои фазоӣ, инчунин системаҳоеро меомӯзад, ки аз пластикаю ҷилдҳо иборатанд. Дар вақти хисобу китоби иншоот таъсироти гуногуне ба назар гирифта мешавад, ки асоситарини онҳо борҳои статикию динамикӣ ва …

Муфассал »