Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қаторкӯҳи САРИҚӮЛ

Қаторкӯҳи САРИҚӮЛ

САРИҚӮЛ, қаторкӯҳест дар Помири Шарқӣ, байни сарҳади давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (райои Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ) ва Хитой. Аз Шимол ба Ҷануб (аз водии дарёи Маркансу то ағбаи Бейик) ба масофаи қариб 350 километр тӯл кашидааст. Бахшгоҳи ҳавзаи дарёҳои Тарим, Аму ва кӯли Қарокӯл мебошад.

katorkuh

Қисмҳои шимол ва ҷануби қаторкӯҳ ба самти наздик ба меридианӣ тӯл кашидаанд. Қисми мобайнии он ба тарафи Шарқ тоб хӯрда, хамиҳои Шӯркӯлу Ранг- кӯлро фаро гирифтааст. Қуллаи баландтаринаш — Лавирдир (6351 метр, дар Хитой), қуллаҳои дигари машҳураш— Командирони Сурх (5822 метр), Қаросон (5747 метр). Пиряхҳо бештар дар қисми шимоли қаторкӯҳ ҷойгир шудаанд (масоҳати умумии онҳо дар ҳудуди Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 143,8* километр километр2). Сариқӯл асосан аз варақсангҳои кристаллӣ, гнейсҳо ва ҷинсҳои гранитӣ таркиб ёфтааст. Ландшафташ биёбонии баландкӯҳӣ; дар нишебиҳои паст хорбуттаҳои болиштакӣ мерӯянд. Ӯ. Олимов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …