Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СМИТ Адам

СМИТ Адам

adam-smith

СМИТ Адам (5. 6. 1723, Керколди, Шотландия —17. 7. 1790, Эдинбург), иқтисодчӣ ва файласуфи шотландӣ, намояндаи барҷастаи иқтисоди сиёсии классикии буржуазӣ. Ба туфайли тадқиқотҳои Смит иқтисоди сиёсӣ ба системаи нисбатан тадқиқшудаи донишҳои иқтисодӣ табдил ёфт. Смит назария ва амалияи меркантилизм, муассисаҳои феодалӣ ва хурофотро, ки ба тараққиёти капитализм монеъ мешуданд, сахт танқид кард. Смит муҳимтарин категорияҳои назарияи арзиши меҳнатро тадқиқ кардааст. Ӯ меҳнатро ҷавҳари арзиш дониста, хусусияти молии пулро тарафдори кард, арзиши мубодилавӣ ва истеъмолиро аз ҳам фарқ кунонд ва ба фаҳмиши хусусияти духелаи меҳнат, ки дар мол таҷассум меёбад, наздик шуд.  Вале Смит арзишро на танҳо аз рӯи меҳнати барои истеҳсоли мол сарфгардида, балки аз рӯи ба ном меҳнати харидашаванда муайян кардааст.

Смит таркиби ҷамъияти буржуазиро ба 3 синфи асосӣ — коргарони кироя, капиталистон ва заминдорони хусусӣ тақсим карда, коргарони кирояро ба ду синфи дигар муқобил мегузошт.

Таълимоти иқтисодии Смит ба тараққиёти иқтисоди сиёсӣ таъсири судманде расонидааст. Ғояҳои илмии Смит бунёди иқтисоди сиёсии классикии буржуазиро ташкил додааст, ки он дар навбати худ яке аз манбаъҳои марксизм гардид.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …