Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЗАКАРИЁИ МАНТИҚӢ

АБУЗАКАРИЁИ МАНТИҚӢ

АБУЗАКАРИЁИ МАНТИҚӢ Яҳъё ибни Удь (соли таваллуд номаълум – вафот 974), мантиқшиноси машҳури асрщои миёна. Дар Бағдод илмҳои замонаро аз Ибни Юнус ва Форобӣ омӯхтааст. Бино ба маълумоти Масъудӣ Абузакриёи Мантиқӣ донишманди машҳури замонаш дар мантиқу фалсафа буд.

Шеваи тафаккури эҷодии Абузакриёи Мантиқӣ  ба усули эҷодии Закариёи Розӣ шабеҳ буда, тамоюли зиддиарастуӣ доштааст. Дар яке аз рисолаҳояш «Қиёс»-и Арастуро рад намудааст. Абузакриёи Мантиқиро ҳамчун мутарҷими осори фалсафию фарҳангии ҳакимони Юнон низ мешиносанд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо ӯ «Мақулот», «Мобаъд-ут-табиа», «Рисолаҳои софистӣ», «Саноати шеър»-и Арасту, «Аннавомис» ва «Тимей”-и Афлотунро тарҷума кардааст. «Тафсири Таба­рӣ» ва дигар осори аҳли каломро низ нусхабардорӣ кардааст.

Абузакриёи Мантиқӣ  дар мантиқу фалсафаю тиб таълифоти бисёр дорад, ки муҳимтаринашон «Мақола фи-л-мавҷудот», «Мақола фӣ сиёсат-ин-нафс», «Рисола фи-рад- ал-настурия», «Идда масоил фӣ ки­тоби Исоғуҷӣ» ва ғайра мебошанд.

Ф. Сироҷов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …