Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУНАСРИ САРРОҶ,

АБУНАСРИ САРРОҶ,

АБУНАСРИ САРРОҶ, Абунаср Абдуллоҳ ибни Алӣ ибни Муҳаммад Яхъё (соли таваллуд номаълум – ваф. 987, Тус), фақеҳ ва мутасаввиф (асри 11), мулаққаб ба «Товус-ул-фукаро». Абунасри Сарроҷ аз авлоди зоҳидон буда, ба Димишк, Бағдод, Басра, Қохира ва бисёр шаҳрҳои Эрон сафар кардааст, таассуроти сафар ва мулоқоти худро бо машоихи суфия дар китоби «Ал-ламаъ фи-т- тасаввуф» ҷамъ овардааст. Шогирди Абунасри Сарроҷ  Абулфазли Сархасӣ мебошад, ки роҳнамои суфии бузурги Хуросон Абусаиди Абулхайр будааст.

Абунасри Сарроҷ, ба қавли Ҷомӣ, ғайр аз китоби зикршуда асарҳои дигаре ҳам доштааст, ки му­таассифона то ҳол аз онҳо осоре пайдо нест. Ҳамчун муаррихи тасаввуф Абунасри Сарроҷ кӯшидааст, ки таълимоти тасаввуфи мӯътадилонаро инкишоф диҳад. Ақидаҳои Абунасри Сарроҷ роҷеъ ба каромат ва дигар ҷиҳатҳои таълимоти тасаввуфӣ на фақат ба омӯзиши таҳаввули афкори ирфонӣ, балки ба шарҳу баё- ни нуқтаҳои алоҳидаи намояндагони тасаввуф, аз ҷумла шатҳиёти суфия аҳамияти калон доранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …