Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҚОСИМ БОБУР

АБУЛҚОСИМ БОБУР

АБУЛҚОСИМ БОБУР, (1422, Ҳирот – 1457, Машҳад), ҳокими Хуросон (1449 – 57), аз сулолаи Темуриён, писари Бойсунқур, набераи Шоҳрух, бародари хурдии Улуғбек. Баъд аз фавти Бойсунқур писаронаш Султон Муҳаммад, Алоуддавла ва Абулқосим Бобур дар хонаи бобояшон Шоҳрух (вафот 1447) тарбия гирифтанд.

Баъд аз фавти Шоҳрух барои ба даст овардани тахти шоҳӣ байни наберагон талоши молу мулк cap шуд. Абулқосим Бобур дар ҷанги сари тахт ғолиб баромада, соли 1449 Хуросон ва моҳи феврали ҳамон сол Ҳиротро тасарруф намуд. Соли 1454 ба Самарқанд лашкар кашида он ро муддати чиҳил рӯз дар иҳота нигоҳ дошт. Сипас бо Султон Абусаид сулҳ баста ба Ҳирот баргашт. Абулқосим Бобур ба адабиёт дилбастагӣ дошта ба форсӣ шеърҳо ҳам навиштааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …