Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲАСАНИ МУЗНӢ

АБУЛҲАСАНИ МУЗНӢ

АБУЛҲАСАНИ МУЗНӢ Муҳам­мад ибни Муҳаммад (соли таваллуд номаъ­лум – вафот 986), муставфӣ ва вазири дарбори амир Нӯҳ ибни Мансур. Абулҳасани Музнӣ пас аз қатли Абулҳусайни Утбӣ дар соли 981 вазири Нӯҳ ибни Мансур таъин гардид. Саъйи ӯ дар ҳифзи давлати сомониён натиҷаи дилхоҳ надод, чун иқтидор ва нуфузи сиёсӣ дар даст сарварони сипоҳиён қарор дошт.

Дар замони вазирии ӯ мушкили аслии давлати сомониён Абулҳасани Симчур буд, ки ӯ дар пайи боз гирифтани ҳукумат ва сипаҳсолории Хуросон ба-д-он сӯ ҳаракат мекард. Дар ин ҳангом сипаҳсолор Абулаббоси Тош Абулҳасани Музниро аз вазорат барканор кард ва ҷои ӯро ба Абумуҳаммад Абдурраҳмон ибни Аҳмади Форсӣ (Порсӣ) дод. Абулҳасани Музнӣ бемор шуда фавтид. Абулҳасани Музнӣ фарде фозил, адиб, шоир ва пеш аз вазорат муставфии девон буд.

Л. Бойматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …