Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФАЗЛИ БАЙҲАҚӢ Муҳам­мад ибни Хусайн

АБУЛФАЗЛИ БАЙҲАҚӢ Муҳам­мад ибни Хусайн

АБУЛФАЗЛИ БАЙҲАҚӢ Муҳам­мад ибни Хусайн (таваллуд тақрибан 996, Ҳорисободи Байҳақ – вафот октябри 1077), таърихнигор ва нависандаи даврони Ғазнавиён. Дар бораи зиндагии ӯ иттилооти кофӣ мавҷуд нест. Абулфазли Байҳақӣ таҳсилоти хубе дошта, дар ҳунари адаб ва зарофати иншо маъруф будааст. Абулфазли Байҳақӣ дар замони ҳукумати султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба муддати дароз котиби “Девоны рисолат» буд ва дар аҳди султон Абдуррашид (1049 – 52) раёсати ҳамин девонро бар ӯҳда дошт.

Тибқи ахбор Абулфазли Байҳақӣ муддате зиндонӣ буд. Дар аҳди султон Фаррухзоди Ғазнавӣ (1052 – 59) Абулфазли Байҳақӣ ба таълифи маъруфтарин китоби таърихии хеш «Таърихи Байҳақӣ» (30 ҷилд) машғул шуд, ки он ба унвони «Таърихи Масъудӣ» низ маъруф аст. Бархе рисолаҳои «Зинат-ул-китоб» ва «Мақомоти Абунасри Мишкон»- ро моли ӯ донистаанд. Рисолаи «Зинат-ул-китоб» дастури бисёр муфид барои котибон ва коргузорони девонҳои давлатӣ будааст. Ин рисола то замони мо нарасидааст, аммо иктибосҳое аз он дар китоби «Таъри­хи Байҳақӣ»-и Абулҳасани Байҳақӣ омадаанд. Рисолаи дигари Абулфазли Байҳақӣ «Мақомоти Абунасри Мишкон» низ баҳсест дар мавзӯи таърихи вузаро.

Ин китоб низ то замони мо нарасида, вале бахшҳои он дар китоби маъру­фи «Осор ул-вузаро»-и Сайфуддини Уқайлӣ иқтибос шудаанд.

Л. Бойматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …