Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФАЗЛИ БАЙХАКИ Мухам­мад ибни Хусайн

АБУЛФАЗЛИ БАЙХАКИ Мухам­мад ибни Хусайн

АБУЛФАЗЛИ БАЙХАКИ Мухам­мад ибни Хусайн (таваллуд такрибан 996, Хорисободи Байхак – вафот октябри 1077), таърихнигор ва нависандаи даврони Газнавиён. Дар бораи зиндагии у иттилооти кофи мавчуд нест. Абулфазли Байхаки тахсилоти хубе дошта, дар хунари адаб ва зарофати иншо маъруф будааст. Абулфазли Байхаки дар замони хукумати султон Махмуди Газнави ба муддати дароз котиби “Девоны рисолат» буд ва дар ахди султон Абдуррашид (1049 – 52) раёсати хамин девонро бар ухда дошт.

Тибки ахбор Абулфазли Байхаки муддате зиндони буд. Дар ахди султон Фаррухзоди Газнави (1052 – 59) Абулфазли Байхаки ба таълифи маъруфтарин китоби таърихии хеш «Таърихи Байхаки» (30 чилд) машгул шуд, ки он ба унвони «Таърихи Масъуди» низ маъруф аст. Бархе рисолахои «Зинат-ул-китоб» ва «Макомоти Абунасри Мишкон»- ро моли у донистаанд. Рисолаи «Зинат-ул-китоб» дастури бисёр муфид барои котибон ва коргузорони девонхои давлати будааст. Ин рисола то замони мо нарасидааст, аммо иктибосхое аз он дар китоби «Таъри­хи Байхаки»-и Абулхасани Байхаки омадаанд. Рисолаи дигари Абулфазли Байхаки «Макомоти Абунасри Мишкон» низ бахсест дар мавзуи таърихи вузаро.

Ин китоб низ то замони мо нарасида, вале бахшхои он дар китоби маъру­фи «Осор ул-вузаро»-и Сайфуддини Укайли иктибос шудаанд.

Л. Бойматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.