Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУИСҲОҚИ АТЬИМА

АБУИСҲОҚИ АТЬИМА

АБУИСҲОҚИ АТЬИМА Ҷалолуддин Ҳаллоҷи Шерозӣ маъруф ба Бусҳоқи Атъима ва Шайхи Атъима (соли таваллуд номаълум – вафот 1423), шоири форс-тоҷик. Тахаллус Атьимаро ба сабаби дар бораи таомҳо шеър гуфтанаш интихоб намудааст. Дар зодгоҳаш – Шероз таҳсил ва зиндагиву эҷод кардааст. Бо касби ҳаллоҷӣ машғул буд. Дар шеъру шоирӣ ис­теъдоди баланд дошт.

Дар девони ашъораш, ки то замони мо расидааст қасидаҳо, ғазалҳо, рубоиҳо, қитъахо, муфрадот, тарҷеъбандҳо, манзумаи «Канз-ул-иштиҳо», маснавии «Асрори чангол», достони «Музаъфар ва Буғро», рисолаҳои «Моҷарои Биринҷ ва Буғро», «Хобнома» ва ғайра фароҳам омадаанд. Маҷмӯи осори манзуми Абуисҳоқи Атъима бо назардошти порчаҳои дар дохили осори мансур овардааш дар ҳудуди 1603 байт аст. Ба ғазали Ҳофизи Шерозӣ

Агар он турки Шерозй ба даст орад дили моро,

Ба холи хиндуяш бахшам Самарканду Бухорор чунин ҷавоб гуфтааст:

Ба пешам чун хуросонӣ гap орӣ саҳни буғроро,

Ба бӯи қаляаш бахшам Самарқанду Бухороро.

 Биринҷи зарди собунӣ агар дорӣ, ғанимат дон,

 «Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро».

 Чӣ ороӣ ба мушки заъфарон рухсорн «Полуда»,

«Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи зеборо?»

Ҷамоли «Барраи бирён»-у хусни «Дунбаи кашкак»,

«Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони Яғморо».

Ман аз он бӯй рӯҳафзо, ки «Гипо» дошт. донистам,

 Ки зуд аз пардаи парҳез берун оварад моро.

 Бигӯ Бусхоқ васфи хӯшаи ангури мисқолӣ,

«Ки бар назми ту афшонад фалақ иқди Сурайёро»,

Абуисҳоқи Атъима  ин равияи эчодиро дар қолаби навъҳои дигари шеър, аз ҷумла рубоӣ, маснавӣ ва ғайра низ истифода кардааст. Бо ин роҳ ӯ мавзӯъҳои наву тозаро ба ашъораш ворид сохтааст. Иқдоми шоир дар тавсифи таому ғизоҳо ва муқобил гузоштани онҳо ба мавзӯъҳои анъанавии назми форс- тоҷик як навъ навгонӣ буд. Чанде аз шоироне, ки баъд аз Абуисҳоқи Атъима ба арсаи адабиёт қадам ниҳоданд, аз ҷумла Аҳмади Атъима, Қории Яздӣ, Савдо ва дигар ба Абуисҳоқи Атъима  пайравӣ кардаанд.

Адабиёт: М и р з о е в А., Абуисҳоқ, Душанбе„ 1971.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …